Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Заминларзаи шадид дар чанд кишвари Осиё


Паёмади заминларза дар Непал (акс аз бойгонӣ)
Паёмади заминларза дар Непал (акс аз бойгонӣ)

Баъд аз нисфирӯзии 26 октябр як заминларзаи шадиди давомдор Тоҷикистонро ларзонд ва аксари сокинон мегӯянд, ки солҳои охир ба ин шиддат заминҷунбиро дар ёд надоранд.

Идораи зилзиласанҷии Тоҷикистон изҳор намуд, ки ба зудӣ қудрати ин заминҷунбиро мушаххас ва эълон хоҳад кард.

Заминларза шаҳрҳои Кобул, Исломобод ва Деҳлии навро ҳам сахт такон додааст. Дар навиштаи хабаргузориҳо, нерӯи заминларза дар Покистон 7,7 дараҷаи Рихтер буд. Аз заминларза дар ду шаҳри Қирғизистон - Бишкек ва Ӯш ҳам хабар расид.

Дар бораи қурбониёни офати табиӣ алҳол иттилое зери даст нест. Хабаргузории Ассошиейтед Пресс аз шимоли Ҳиндустон хабар дод, ки мақомот ба таври оҷил одамонро аз биноҳо берун карданд.

XS
SM
MD
LG