Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Посухи ради шаҳрдории Маскав ба "Русский марш"


Дмитрий Демушкин

Дмитрий Демушкин

Шаҳрдории Маскав рӯзи 26 октябр дархости раҳбари гурӯҳии нажодпарастони рус Дмитрий Демушкин барои баргузории раҳпаймоии “Русский марш”-ро рад кард. Ба иттилои хабаргузории Интерфакс, қарор буд ин раҳпаймоӣ рӯзи 4 ноябр бо ширкати 15 ҳазор нафар дар кӯчаи Перерва дар ҷанубу шарқи Маскав баргузор шавад. Шаҳрдорӣ сабаби рад шудани пешниҳодро баъдан хаттӣ шарҳ хоҳад дод.
Аз ин пеш Демушкин изҳор карда буд, ки нажодпарастон дар раҳпаймоӣ хостори дар мақомоти раҳбарӣ таъин кардани русҳо, ҷорӣ кардани раводид бо кишварҳои Осиё ва Қафқоз хоҳанд шуд ва ба таъқиби миллатгароҳои рус эътироз хоҳад кард.
Дар робита ба баргузории “Русский марш” дар ду соли ахир чанд парвандаи ҷиноӣ боз шудааст. Додситонӣ талаб дорад, ки ҷунбиши таъсискардаи Демушкин "Русские" ба феҳристи созмонҳои ифротӣ шомил карда шавад. Аз ин пеш мақомоти шаҳрҳҳои Сыктывкар, Калининград, Петербург ва Екатеринбург ҳам ба дархости баргузории “Русский марш” посухи рад дода буданд. Раҳпаймоӣ ва гирдиҳамоиҳои созмонҳои нажодпарасти рус мавсум ба “Русский марш" аз соли 2005 ба ин сӯ баргузор мешаванд ва аксар вақт бо лату кӯб ва ҳатто куштори шаҳрвандони хориҷӣ, аз ҷумла, муҳоҷирони корӣ аз Осиёи Марказӣ, поён меёбанд.

XS
SM
MD
LG