Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Зани ҳиндӣ баъди 12 сол бо оилааш пайваст


Марзи миёни Ҳиндустону Покистон
Марзи миёни Ҳиндустону Покистон

Як зани кару гунги ҳиндустонӣ, ки тасодуфан аз марз бо Покистони ҳамсоя убур карда, аз сӯи марзбонҳо боздошт шуда буд, баъди 12 сол ба Деҳлӣ, ба назди пайвандонаш баргашт. Дар ин бора расонаҳои чопи Ҳиндустон рӯзи 26 октябр хабар доданд.

Ин зан, ки аз ӯ Гита ном бурда мешавад, тайи ин солҳо дар як парастишгоҳи шаҳри Қарочӣ ба сар мебурд. Хонум Гита, ки кару гунг аст, дар бораи худаш иттилоъ дода наметавонист, аз ин рӯ ҳама талошҳо барои муқаррар кардани макони буду боши хонаводааш ноком шуданд. Ҳукумати Ҳиндустон ҳадс зада буд, ки ин хонум аз музофоти Биҳор аст.

Бар пояи хабарҳо, зани гунг аҳли хонаводаашро аз рӯи аксҳои қадима шиносоӣ кардааст. Барои муқаррар кардани он ки ӯ воқеъан ҳам ба ин хонавода тааллуқ дорад, ин зан бояд аз санҷиши ДНК гузарад.

XS
SM
MD
LG