Пайвандҳои дастрасӣ

Полиси Бангладеш рӯзи 26 октябр дар бораи боздошти чаҳор нафари гумонбар дар куштори як итолёвии корманди созмони хайрияи ҳуландӣ дар моҳи сентябри соли равон хабар дод. Масъулияти ҳамларо гурӯҳи “Давлати исломӣ” бар ӯҳда гирифта буд.

Намояндаи полиси шаҳри Дакка Мунташир ул-Ислом гуфт, ки се нафар аз боздоштшудагон корманди созмони хайрия Чезаре Тавелларо ҳадафи тир қарор додаанд. Дар бораи нақши чаҳорум нафари боздоштшуда дар ин куштор иттилоъе нест.

Мақомоти полис гуфтанд, онҳо мотосиклеро ҳам ошкор карданд, ки ҳангоми ҳамла ба Тавелла истифода шуда буд.

Чезаре Тавеллаи 50-сола рӯзи 28 сентябр дар наздикиҳои минтақаи дипломатии шаҳри Дакка кушта шуд.

XS
SM
MD
LG