Пайвандҳои дастрасӣ

Финляндия аз тӯҳматҳои Русия ҷилавгирӣ мекунад


Дар Финляндия аз ҷумлаи намояндагони дафтари Шӯрои давлатӣ ва вазоратхонаҳои мухталиф гурӯҳи махсусе таъсис мешавад, ки вазифааш - пайдо кардани роҳҳо ва шаклҳои пешгирӣ аз тӯҳмату дурӯғҳо дар расонаҳои Русия мебошад, хабар медиҳад Интерфакс.

«Мо мехоҳем, ба унвони мисол, дурӯғ дар бораи таърихи Финляндия ва вокунишҳои мухталиф дар робита ба онро ошкор созем», гуфт раҳбари идораи иртибот бо ҷомеаи ҳукумат ва коршиноси Кумитаи амниятии Финляндия Маркку Мантила рӯзи якшанбе ба рӯзномаи “Калева”.

Ба гуфтаи ӯ, «дар расонаҳои Русия ҳамвора ибрози назари сиёсатмадорони номдори мо ба сурати нодуруст нашр мешаванд ва ин кор ноогоҳона нест».

«Ба унвони мисол аз бархе расонаҳои русӣ тасаввуре ҳосил мешавад, ки ки гӯё раҳбарияти давлат ва бештаре аз сиёсатмадорони мо қатъи таҳримҳои ИА-ро талаб мекарда бошанд”, - гуфт коршинос. Вай бар ин назар аст, ки «ҳадафи Русия бо истифода аз ҷанги иттилоотӣ вайрон кардани ваҳдати Иттиҳоди Аврупо мебошад”.

Маркку Мантила зикр кард, ки ҳукумат мехоҳад барои пешгирӣ аз амволи расонаҳои русӣ қариб сад нафар кормандони давлатӣ, аз ҷумла, аз вазорати мудофиаро ҷалб созад. Иҷрои ин тарҳ дар охири соли ҷорӣ ва ё аввали соли оянда шурӯъ мешавад. Барои омода сохтани муборизони таблиғоти русӣ коршиносон аз Бунёди Рузвелт ва Донишгоҳи Ҳарвард ҷалб карда мешаванд.

XS
SM
MD
LG