Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

HRW: Ҳалокати 59 сокини Сурия аз ҳамлаҳои Русия


Созмони байналмилалии ҳомии ҳуқуқи башар Humans Rights Watch (HRW) Русияро дар вайрон кардани қонунҳои ҷанг ва куштори наздик ба 60 сокнини осоишта, ки нисфашон кӯдакон ҳастанд, айбдор кард. Ин нуктаҳо дар гузориши созмони мазкур, ки рӯзи якшанбе нашр шуд, дарҷ шудаанд.

Ба иттилои HRW, 15 октябр нерӯҳои ҳавоии Русия дар наздикии шаҳри Ҳумси Сурия болои сокинони осоишта ҳадди ақал ду зарба задаанд. Ҳомиёни ҳуқуқ ин нуктаро бо такя ба фармондеҳи нерӯҳои мухолифи режими Башор Асад зикр кардаанд. HRW талаб кардааст, ки эҳтимоли ҳамлаҳои ҳавоӣ болои сокинони осоишта таҳқиқ шавад.

Рӯзи ҷумъа сардори Маркази суриягии назорати ҳуқуқи инсон Рамӣ Абдулраҳмон хабар дод, ки дар пайи ҳамлаҳои ҳавоии Русия 150 сокини осоишта кушта шудаанд. Дар ҳамин ҳол, нозирон зикр кардаанд, ки дар натиҷаи ҳамлаҳои ҳавопаймоҳои Русия беш аз 100 ҷангҷӯи гурӯҳи "Давлати исломӣ" ва "Ҷабҳаи -ан-Нусра"-и шохаи "Ал-Қоида", ҳамчунин даҳҳо нафар аъзои нерӯҳои мухолифини режими Башор Асад кушта шудаанд.

Қаблан Шӯрои НАТО аз Русия тақозо карда буд, ки "ҳамла ба мухолифини Сурия ва аҳолии осоиштаро бидуни таъхир" қатъ кунад. Русия мегӯяд, танҳо ба мавзеъҳои "Давлати исломӣ" зарба мезанад, хабарҳои марги аҳолии осоишта бошад ба ҷуз аз "ҳамлаи иттилоотӣ" алайҳи Русия чизи дигаре нест.

XS
SM
MD
LG