Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳалокати ду полиси турк дар Диёрбоқир


Дар як тирандозӣ бо гумонбарони узвият дар гурӯҳи “Давлати исломӣ” ду тан аз кормандони полиси Туркия кушта шуданд. Дар ин задухӯрд, ки рӯзи 26 октяр дар шаҳри курднишини Диёрбоқир, воқеъ дар ҷанубу шарқи Туркия, ба вуқӯъ пайваст, чаҳор тан аз афроди мусаллаҳ ба ҳалокат расиданд.

Мақомоти Туркия ин афродро дар ташкили ду таркиш дар ҳамоише дар шаҳри Анкара дар рӯзи 10 октябр гумонбар мехонданд – дар он ҳамлаи террористӣ дасти кам сад нафар ба ҳалокат расида буданд.

Қаблан Раҷаб Тайид Эрдуғон, раисиҷумҳури Туркия, дар ин ҳамла хадамоти кашфи Сурия ва мусаллаҳони курдро айбдор карда гуфта буд, ки онҳо бо гурӯҳи “Давдати исломӣ” ҳамкорӣ мекунанд.

XS
SM
MD
LG