Пайвандҳои дастрасӣ

Боло бурдани маошу нафақа ба вақти номуайян ба таъхир афтод


Абдусалом Қурбониён, вазири молияи Тоҷикистон

Абдусалом Қурбониён, вазири молияи Тоҷикистон

Масъулони Вазорати молияи Тоҷикистон мегӯянд, ки бинобар вазъи ногувори буҷа ва буҳрони молиявӣ, боло бурдани маоши кормандони давлатӣ то муддати номуайян мавқуф гузошта шудааст.

Абдусалом Қурбониён, вазири молияи Тоҷикистон, рӯзи 26 октябр дар сӯҳбат бо хабарнигорон гуфт, ки бинобар вазъи ногувори буҷа ва буҳрони молӣ дар кишварҳои шарики Тоҷикистон, боло бурдани маоши кормандони ниҳодҳои давлатӣ барои муддати номаълум ба таъхир гузошта шудааст.

Ин дар ҳолест, ки раиси ҷумҳури Тоҷикистон моҳи январи соли ҷорӣ дар паёми солонаи худ ба парлумон ваъда кард, ки аз моҳи сентябри соли ҷорӣ маоши кормандони буҷавиро афзоиш хоҳад дод. Ӯ гуфт, "аз ҷумла, мақомоти ҳокимият ва идоракунии давлатӣ, ҳифзи ҳуқуқ, хизматчиёни ҳарбӣ - 15 фоиз, маориф - 20 фоиз, соҳаи ҳифзи ҷитимоӣ ва собиқадорони Ҷанги бузурги ватанӣ ва меҳнат - 25 фоиз ва ҳадди ақалл ва ниҳоии нафақа то 20 фоиз боло бурда мешавад. Музди ҳадди ақалли маош аз 250 то 400 сомониро ташкил хоҳад дод."

Эмомалӣ Раҳмон он замон гуфта буд, ки барои амалӣ кардани ин иқдом аз буҷаи давлат дар як сол 1 миллиарду 320 миллион сомонӣ равона мегардад.

Аммо ҳоло мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, ки дар нӯҳ моҳи аввали соли равон 391,9 миллион сомонӣ камтар аз нақша ба буҷа пул ворид шудааст. Ин аст, ки вазири молияи Тоҷикистон гуфт, ки онҳо хароҷоти нозарури буҷаро коҳиш дода ва харидории мошин барои мансабдорон, мебел ва, инчунин, бунёди сохтмонҳои шурӯънашударо мавқуф гузоштаанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG