Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Фавти бачаи 10-сола бар асари газидани саги девона


Бар асари ҳамлаи саги девона ё ҳорӣ дар деҳаи Навободи ҷамоати деҳоти Бохтариёни ноҳияи Бохтар Исмоил Асомиддинови 10-сола фавт карда, дастикам 10 нафари дигар аз захми дандони саг осеб дида ва дар бемористони ба номи Бӯри Воҳидови шаҳри Қӯрғонтеппа бистарӣ шудаанд.

Мақомоти вилояти Хатлон ин хабарро тасдиқ карданд. Дар ҳамин ҳол, наздикони ҷабрдидаҳо мегӯянд, ки дар ростои табобати ин афрод ва харидории ваксина ба мушкили молӣ мувоҷеҳ шудаанд.

Ибодулло Зикруллоев, сокини ҷамоати Бохтариён рӯзи душанбеи 26 октябр ба Радиои Озодӣ гуфт, ки ӯ барои харидории ваксина барои як хешовандаш 2000 сомонӣ масраф кардааст.

Сокинони ҷамоат мегӯяд, ки ин саги як омӯзгор будааст, ки ҳорӣ ё девона шуда, аввал ба мардум дарафтода, сипас чандин саги дигарро газида онҳоро низ девона кардааст. Дар натиҷаи ҳамлаи саги девона дар рӯзҳои аз 17 то 20 октябр, як нафар ҷон бохта ва 10 нафари дигар осеби ҷиддӣ дидаанд.

Мақомот мегӯянд, афроди осебдида зери назари пизишкон қарор дошта ва барои мардум ваксина тавзеъ шудааст.

Нурулло Бояков, сардори идораи санитарию эпидемиологии ноҳияи Бохтар ба Радиои Озодӣ теъдоди осебдидагонро 4 нафар гуфта ва афзуд, ки онҳо бо ваксина таъмин шудаанд. Ҳамчунин, дар деҳа корҳои огоҳсозӣ аз ҳамалоти эҳтимолии сагҳои девона анҷом шудааст.

XS
SM
MD
LG