Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нимпайкараи фармондеҳи собиқи "Алфа" дар Восеъ


Рустам Амакиев
Рустам Амакиев

Дар ноҳияи Восеъ бунёди нимпайкараи Рустам Амакиев, фармондеҳи гурӯҳи “Алфа”-и Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон, Оғоз ёфт. Полковник Амакиев моҳи сентябри соли ҷорӣ дар амалиёти боздошти гурӯҳи муовини собиқи вазири дифоъ Абдуҳалим Назарзода дар дараи Ромит кушта шуда буд. Ин нимпайкара дар Литсейи касбии техникии ноҳияи Восеъ гузошта хоҳад шуд. Лола Ғуломова, муовини раиси ноҳияи Восеъ, 26 октябр дар суҳбат бо Радиои Озодӣ ин хабарро тасдиқ кард ва гуфт, “нимпайкараи Амакиев бо либоси генерал-майор сохта мешавад.”

Рустам Амакиев, полковники 41-сола, шоми 15 сентябр кушта шуд ва баъд аз як ҳафтаи он раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон ба ӯ пас аз марг рутбаи генерал-майор дод ва дараҷаи аввали ордени Спитаменро эҳто кард. Орден ба пайвандони Рустам Амакиев супурда шуд. Ҳамчунин, ҳукумат ба ҳамсар ва ду фарзанди ноболиғи ӯ дар Душанбе манзили сеҳуҷрагӣ ҳадя кард.

XS
SM
MD
LG