Пайвандҳои дастрасӣ

Шаш паҳлавони тоҷик дар мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон оид ба дзюдо байни навҷавонон дар Имороти Муттаҳидаи Араб ноком шуд.

Мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон оид ба дзюдо байни навҷавонон (World Judo Chempionships Juniors Abu Dhabi 2015), ки дар пойтахти Имороти Муттаҳидаи Араб – Абу-Даби - 23 октябр шурӯъ шуд, 27 октябр ба поён мерасад. Дар ин мусобиқа 555 гуштигир (336 мард ва 219 зан), варзишгарони солҳои таваллудашон 1995-1997 аз 82 кишвар барои 16 маҷмӯи медалҳо ( 8 – мардон ва 8 – занон) дар сабқати инфиродӣ ва барои ду маҷмӯъ дар сабқати дастаӣ мубориза мебаранд.

Ба ҳайати мунтахаби Тоҷикистон 10 гуштигир дохиланд. Шаш нафари онҳо - Эраҷ Абдуллоев (66 кг), Саидмухтор Расулов (73 кг), Акмал Муродов ва Комрон Карликов (81 кг), Ҳоҷимашраб Раҳмонов ва Фаррухи Салим (90 кг) – дар даврҳои муқаддамотӣ аз рақибонашон шикаст хӯрда, аз идомаи мубориза барои медалҳо маҳрум шуданд.

Чаҳор нафари боқимонда - Темур Раҳимов ва Санавбар Шанбиев (100 кг), Баротҷон Наимов ва Хуршед Маҷидов (беш аз 100 кг) – имрӯз, 26 октябр вориди рақобат мешаванд.

Рӯзи сешанбеи 27 октябр сабқати дастаӣ миёни навҷавонон ва духтарон баргузор мешавад.

Ғолибону ҷоизадорон баъди натиҷагирии се рӯзи мусобиқа:
Навҷавонон

55 кг
1. ШАМШАДИН Магжан (Қазоқистон)
2. ЛИ Харим (Кореяи Ҷанубӣ)
3. БАЯРАА Амартувшин (Муғулистон)
3. КУПАТАДЗЕ Иракли (Гурҷистон)

60 кг
1. НАГАЯМА Руи (Ҷопон)
2. ТСЕНДОЧИР Тсогтбаатар (Муғулистон)
3. ХЯР Валиде (Фаронса)
3. КИМ Чаннонг (Кореяи Ҷанубӣ)

66 кг
1. АСАРИ Масая (Ҷопон)
2. ГАИТЕРО МАРТИН Алберто (Испания)
3. КАРГНИН Даниел (Бразилия)
3. ҲАЙДАРОВ Ҳидоят (Озарбойҷон)

73 кг
1. КАНГ Хеончеол (Кореяи Ҷанубӣ)
2. КИРАКОЗАШВИЛИ Тамази (Гурҷистон)
3. ХОЙАК Мартин (Словения)
3. НЕВЕС Линсолн (Бразилия)

81 кг
1. ДЕ ВИТ Франк (Нидерланд)
2. ФУЯВАРА Сотаро (Ҷопон)
3. МАКУХА Виктор (Украина)
3. СИЛВА МОРАЛЕС Иван Фелип (Куба)

90 кг
1. ГВИНИАШВИЛИ Бека (Гурҷистон)
2. ШВЕРАЗАДИШВИЛИ Николоз (Испания)
3. ДАДАШОВ Фирудин (Озарбойҷон)
3. КУСТСЕРА Пиотр (Лаҳистон)

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG