Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Иддаои вуҷуди 130 ҳазор сарбози "хаёлӣ" дар Афғонистон


Як таҳқиқоти тозаи ниҳоде бо номи "Ҳуқуқ ва адолат" нишон додааст, ки 130 ҳазор аз нерӯи Афғонистон ҳузури физикӣ надошта, аммо маош мегиранд. Аммо мақомоти афғон ин рақамро муболиғаомез хондаанд.

Як таҳқиқоти тозаи ниҳоди мавсум ба "Ҳуқуқ ва адолат" нишон медиҳад, ки 130 ҳазор аз нерӯи Афғонистон вуҷуди физикӣ надоранд, аммо номҳояшон дар феҳристи нерӯҳои амниятии афғон сабт шуда, аз сӯйи ҳукумат маошашон пардохт мешавад.

Аммо раёсати ҷумҳури Афғонистон ин рақамро муболиғаомез ва нодуруст мехонад. Саидзафар Ҳошимӣ, муовини сухангӯи раёсати ҷумҳури Афғонистон, рӯзи якшанбеи 25 октябр дар нишасти хабарӣ дар посух ба пурсиши Радиои Озодӣ гуфт, раиси ҷумҳур Ғанӣ дастур дода, то як тасвири куллӣ аз нерӯҳои афғон ба ҳукумат ироа шавад.

"Дастур шудааст, то як тасвири куллӣ аз чигунагии нерӯҳои амниятӣ ва дифои кишвар ба даст ояд ба ин маънӣ, ки ташхис кунем, дар тамоми Афғонистон дар кадом қисмат ба кадом теъдод сарбоз дорем ва дар чӣ вазъият қарор доранд, шумораи дақиқи ин нерӯҳо чӣ қадар аст ва ҳамчунон таслиҳоту таҷҳизоте, ки дар ихтиёри онҳо қарор доранд, мушаххас шавад," -- гуфт Ҳошимӣ.

Дар ин таҳқиқоти ниҳоди мадании "Ҳуқуқ ва адолат" гуфта шудааст, ки ин таҳқиқ дар 13 вилояти Афғонистон ба гунаи мустақим ва 15 вилояти дигар ба шакли ғайримустақим анҷом шудааст. Шамсиддини Шамс, раиси ин ниҳод дар сӯҳбат бо бахши дарии Радиои Озодӣ гуфт, ин рақамро аз тариқи мусоҳиба бо нерӯҳои афғон дар постгоҳҳои амниятӣ, фармондеҳиҳо, воҳидҳои низомӣ ва хатти ҷанг ба даст овардаанд.

Баҳси сарбозони "хаёлӣ" дар ҳоле матраҳ мешавад, ки раиси ҷумҳур Ашраф Ғанӣ чанде пеш аз арзёбии ҳамаҷонибаи нерӯҳои амниятӣ ва дифоии Афғонистон сухан гуфт. Дар он замон раиси ҷумҳурӣ гуфта буд, ки ба зудӣ ҳайатеро муваззаф хоҳад сохт, то ниёзмандӣ, камбуд ва таҷҳизоти ин нерӯҳоро аз наздик баррасӣ кунад. Оқои Ғанӣ дар авохири моҳи сентябр дар мавриди рақамҳои нерӯҳои амниятии афғон ибрози тардид (шубҳа) карда ва гуфт, ки эҳтимол нерӯҳои амниятӣ ба андозае нест, ки масъулон мегӯянд.

Дар ин миён бархе аз аъзои Комиссияи амнияти дохилии парлумони Афғонистон мегӯянд, мумкин аст сарбозони "хаёлӣ" дар миёни нерӯҳои амниятии афғон мавҷуд бошанд, аммо омори ниҳоди мадании “Ҳуқуқ ва адолат”-ро дур аз ҳақиқат медонанд. Муҳаммад Иқбол Софӣ, узви ин комиссия мегӯяд, "имкон надорад ки ба ин ҳад аскари хаёлӣ бошад. Мумкин як дарсади бисёр кам мавҷуд бошад."

Оқои Софӣ ин иддаои ниҳоди "Ҳуқуқ ва адолат"-ро, ки гӯё дар чаҳорчӯбаи муҳофизони аъзои парлумон низ нерӯҳои "хаёлӣ" вуҷуд доранд, рад карда ва мегӯяд, ҳар узви парлумон чаҳор муҳофиз доранд.

Дар ҳоли ҳозир Афғонистон дорои нерӯҳои амниятию дифоии ҳудуди 350 ҳазорнафарӣ аст, ки дар саросари кишвар саргарми таъмини амният ҳастанд.

XS
SM
MD
LG