Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Парвозҳои мустақими миёни Украина ва Русия қатъ шуд


Аз 25 октябр парвозҳои мустақими миёни шаҳрҳои Украина ва Русия мамнуъ шуд. Қатъи парвозҳоро ҷониби Украина эълон кард.

25 октябр музокироти ахири ҷонибҳо бенатиҷа анҷом ёфт ва парвозҳо қатъ шуданд.

Киев моҳи гузашта эълон карда буд, ки парвозҳои Русияро мамнуъ мекунад, зеро Русия моҳи марти соли 2014 Қримро ба қаламрави Русия ҳамроҳ кардааст.

Русия мамнуияти парвозҳоро кори “аблаҳона” номид ва гуфт, ки ин тасмимро назорат хоҳад кард. Ҳар моҳ аз қатъи парвозҳо даҳҳо ҳазор мусофир ба маҳрумият дучор хоҳанд шуд.

Акнун шаҳрвандони ин ду кишвар барои парвоз ба қаламрави якдигар бояд тавассути кишвари севвум парвоз кунанд, ки роҳ тулонитар ва гаронтар хоҳад шуд.

XS
SM
MD
LG