Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Раҳҳбари мухолифони давлати Молдова аз боздошт раҳо шуд


Эътирози ҷонибдорони Усатий дар Кишинёв

Эътирози ҷонибдорони Усатий дар Кишинёв

Мақомоти Молдова Ренато Усатий-раҳбари мухолифони ин кишварро аз боздошт раҳо карданд. Усатий аз сиёсатҳои Маскав ҷонибдорӣ мекунад. Додгоҳи Кишинёв пешниҳоди додситониро дар бораи тамдиди 30 рӯзи дигари боздошт рад кард.

Баъд аз раҳоӣ Усатий ба ҷонибдоронаш дар назди бинои додгоҳ изҳори сипос намуд ва гуфт, ки онҳо як ҷо бар зидди ришвахорӣ дар Молдова муборизаро идома медиҳанд.

Усатий шаҳрдори Балтӣ-дуввумин шаҳри бузарги Молдова 23 октябр баъд аз бозгашт аз Маскав дар фурудгоҳи Кишинёв боздошт шуда буд.

Бино ба гузориши хабаргузориҳо, 25 октябр дар эътирозҳои Кишинёв барои раҳоии Усатий ҳазорон нафар аз минтақаҳои гуногуни Молдова ширкат карданд.

Усатий дар сафҳаи Facebook-и худ гуфтугӯи телефонии як соҳибкор бо Влад Филат-нахуствазири пешини Молдоваро чоп кард. Филат ҳамин ҳафта ба иттиҳоми дарёфти 260 миллион доллар ришва боздошт шуд.

Усатий аз ширкат дар интихоботи порлмонии моҳи ноябри соли 2014 маҳрум шуда буд, зеро аз хориҷ пул гирифта буд.

XS
SM
MD
LG