Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздиди Синдзо Абе аз Узбакистон идома дорад


Синдзо Абе, акс аз бойгонӣ
Синдзо Абе, акс аз бойгонӣ

Боздиди Синдзо Абе-нахуствазири Ҷопон аз Узбакистон идома дорад. Вай баъд аз боздид ва мулоқотҳояш дар Тоҷикистон шоми 24 октябр вориди Тошанд шуд. Боздии вай аз Узбакистон 25-26 октябр давом мекунад.

Дар поёни мулоқоташ бо Ислом Каримов-раиси ҷумҳури Узбакистон ҷонибҳо изҳороти муштарак ба тасвиб мерасонанд ва як сислсила санадҳои байниҳукуматиро имзо мекунанд. Ин ҳамкориҳо бахшҳои тиҷоративу иқтисодӣ, сармоягузорӣ ва фарҳангиро дар бар мегирад.

Вазорати корҳои хориҷаи Узбакистон гуфтааст, ки то ҳол барои ҳамкориҳо байни ин ду кишвар 140 санади ҳуқуқӣ вуҷуд доштааст. Гардиши колои миёни ду кишвар дар солди 2014 190 миллион долларро ташкил додааст ва Ҷопон яке аз сармоягузорони бузург дар иқтисоди Узбакистон ба шумор меравад.

XS
SM
MD
LG