Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тасмими зиддунақизи ду варзишгардухтари амрикоӣ


Ду духтари наврас аз Амрико дар мусобиқаҳои қаҳрамонии гимнастикаи бадеии ҷаҳон тасмими зиддунақизе гирифтаанд. Онҳо шаҳрвандии Беларусро қабул кардаанд ва аз ҷониби Беларус дар ин мусобиқот ширкат ҷустаанд.

Бо вуҷуди ин ки Алена Куон ва Кили Диксон боре ҳам ба Беларус сафар накардаанд, аз номи дастаи ин кишвар 24 октябр дар мусобиқоти интихобии ҷаҳон дар шаҳри Глазгои Шотландия ширкат ҷустаанд.

Беларус ба ин ду духтари 16 сола, ки аз аёлати Калифорния мебошанд, душаҳрвандиро замонат додааст. Дар мусобиқоти Глазго ҳар дуи ин варзишгар ҷойҳои 74 ва 75-ро ишғол карданд.

Баъд аз маҳрумияти онҳо дар дастаи Амрико ширкаташон дар дастаи Беларус аз нигоҳи фаннӣ дуруст аст, вале он ба баҳсҳои доманадор ва интиқодҳо рӯ ба рӯ шудааст.

Неллӣ Ким-муовини раиси Федератсияи гимнастикаи Беларус аз тасмими онҳо дифоъ кард ва гуфт, ки ба ҳар ду духтар душаҳрвандӣ дода шуааст ва барои онҳо шароити беҳтар муҳайё мешавад.

Вале то ҳол маълум нашудааст, ки ин ду духтар дар оянда низ аз номи Беларус дар мусобиқаҳо ширкат хоҳанд кард ё хайр.

XS
SM
MD
LG