Пайвандҳои дастрасӣ

"Хуҷанд" барои худ амалан мақоми дувумро кафолат медиҳад


​Рӯзҳои 23-24 октябр се бозии мавқуфгузоштаи мусобиқаи лигаи олии футболи Тоҷикистон баргузор шуд.

Се бозии мавқуфгузоштаи мусобиқаи қаҳрамонии футболи Тоҷикистон байни дастаҳои лигаи олӣ рӯзҳои 23-24 октябр сурат гирифт. “Барқи тоҷик”-и Душнбе дар меҳмонӣ “Парвоз”-и Бобоҷон Ғафуровро бо ҳисоби 2:1 шикаст дод. Бо ҳамин ҳисоб “Регар-ТадАЗ”-и Турсунзода дар майдони худ бар “Вахш”-и Қӯрғонтеппа пирӯз шуд. “Хуҷанд”-и Хуҷанд низ бо ҳисоби 2:1 бар дастаи меҳмон – “Равшан”-и Кӯлоб ғолиб омад.

Ба ин тартиб, «Хуҷанд» се давр пеш аз анҷоми мусобиқа амалан барои худ мақоми дувумро кафолат медиҳад. “Хуҷанд” аз рақибаш «Регар-ТадАЗ», ки дар мақоми севум қарор дорад, нӯҳ имтиёз бештар ба даст овардааст.

Чемпионати Тоҷикистон. Лигаи олӣ. Даври 15-ум

«ПАРВОЗ» — «БАРҚИ ТОҶИК» — 1:2

Голҳо: Қурбонбек Ҳайдаров, 18 (1:0). Фирӯз Раҳматов, 63 (1:1). Вайсиддин Сафаров, 87 (1:2).

Огоҳонида шуданд: Азиз Юсуфҷонов, Абдумалик Юсуфов, Фирдавс Ҳоҷиев («Парвоз»).

Аз майдон хориҷ шуд: Био Френсис («Барқи тоҷик»), 76 – корти дувуми зард.

Сардовар: Сайёдҷон Зайниддинов (Душанбе).

23 октябр. Бобоҷон Ғафуров. Варзишгоҳи «Фурудгоҳ». 300 тамошобин.

Бозии даври 14-ум

«РЕГАР-ТАДАЗ» — «ВАХШ» — 2:1

Голҳо: Нуриддин Ҳамроқулов, 32 (0:1). Абубакр Азимов, 54 – ба дарвозаи худ (1:1). Фаридун Шарифов, 56 (2:1).

Огоҳонида шуданд: Акбар Бобомуродов («Регар-ТадАЗ»), Муҳаммадҷони Ҳасан, Мунир Давлатбеков («Регар-ТадАЗ»).

Сардовар: Диловаршоҳ Орзуев (Ҳисор).

24 октябр. Турсунзода. Варзишгоҳи «Металлург». 1700 тамошобин.

Бозии даври 15-ум

«ХУҶАНД» — «РАВШАН» — 2:1

Голҳо: Фарҳод Тоҳиров, 8 (1:0). Суннатуллло Холов, 20 (1:1). Ҳасан Рустамов, 70 (2:1).

Огоҳонида шуданд: Саидхони Амрохон, Абдурасул Раҳмонов, Зокир Абдулхайров, Мӯсо Содиқ («Равшан»).

Сардовар: Аъзам Бӯриев (Қӯрғонтеппа).

24 октябр. Хуҷанд. Варзишгоҳи «20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон». 800 тамошобин.

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқа:

Ҷ

ДАСТАҲО

Б

Ғ

М

Б

Т

И

1

«Истиқлол» (Душанбе)

14

13

1

0

50-2

40

2

«Хуҷанд» (Хуҷанд)

15

11

3

1

30-11

36

3

«Регар-ТадАЗ» (Турсунзода)

15

7

6

2

21-11

27

4

«Равшан» (Кӯлоб)

14

8

2

4

31-24

26

5

«Хайр» (Ваҳдат)

15

7

4

4

18-23

25

6

ССКА «Помир» (Душанбе)

15

6

2

6

10-14

20

7

«Далерон-Ӯротеппа» (Истаравшан)

15

3

3

9

15-25

12

8

«Барқи тоҷик» (Душанбе)

15

3

2

10

12-25

11

9

«Вахш» (Қӯрғонтеппа)

15

2

4

9

6-27

10

10

«Парвоз» (Бобоҷон Ғафуров)

15

0

1

14

4-34

1

Нишонзанҳо: Ҳусейни СӮҲРОБӢ («Равшан»), Манучеҳр ҶАЛИЛОВ («Истиқлол») – 15-тӯбӣ, Фатҳулло ФАТҲУЛЛОЕВ («Истиқлол»), Комил САИДОВ («Регар-ТадАЗ») – 8-тӯбӣ, Дилшод ВОСИЕВ («Истиқлол»), Ҳасан РУСТАМОВ («Хуҷанд»), Шодибек ҒАФФОРОВ («Равшан»), Давронҷон ТУХТАСУНОВ (ССКА «Помир») – 5-тӯбӣ.

Бозиҳои рӯзҳои наздиктарини мусобиқа:

Бозиҳои даври16-ум

26 октябр (душанбе)

Оғоз – соати 15:00

«Истиқлол» — «Парвоз»

Душанбе, Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ

2 ноябр (душанбе)

Оғоз – соати 15:00

«Барқи тоҷик» — «Регар-ТадАЗ»

Душанбе, майдони эҳтиётии Варзишгоҳи марказӣ

XS
SM
MD
LG