Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Латту кӯби мақомдори пулис то беҳуш шуданаш дар утоқи корӣ


Афроди ношинос як мақомдори идораи амнияти ҳаракат дар роҳҳои ноҳияи Бозро латту кӯб карда, сипас дастонашро баста ва баъзе аз қисматҳои баданашро сӯзондаанд.

Афроди ношинос дар ноҳияи Бози вилояти Андиҷони Узбакистон муовини раҳбари шуъбаи амнияти ҳаракат дар роҳҳои ин минтақа Абдурашид Эргашевро то беҳуш шуданаш латту кӯб кардаанд. Манобеи бахши узбакии Радиои Озодӣ мегӯянд, ки ҳамлагарон баъд аз ин бо оташ баъзе аз қисматҳои бадани Эргашевро сӯзонда, ба даҳанаш латта гузоштаанд ва дастонашро ба курсӣ бастаанд. Вазорати корҳои дохилии Узбакистон гуфтааст, ки дар ин замина тафтишотро оғоз кардааст.

Бино ба иттилои манобеи Радиои Озодӣ дар ниҳодҳои интизомии Узбакистон, ин ҳодиса соати даҳи шаби 21 октябр дар бинои шуъбаи амнияти ҳаракат дар роҳҳои ноҳияи Бози вилояти Андиҷон рух додааст. Субҳи дигар Абдурашид Эргашеви 29-соларо ҳамкоронаш бо пайи зарбу лат ва дасти баста дар утоқи кораш пайдо кардаанд.

“То ҷое ба мо маълум шуд, афроде, ки Эргашевро мавриди латту кӯб қарор додаанд, чор нафар будаанд. Аммо шахсият ё ҳувияти онҳо ҳанӯз ошкор нашудааст. Ҳоло тафтиш ҷараён дорад,” -- афзуд манбаъ аз ниҳодҳои интизомии Узбакистон. Дар Идораи амнияти ҳаракат дар роҳҳои Вазорати корҳои дохилии Узбакистон низ ин ҳодисаро тасдиқ карда ва гуфтаанд, ки ҳолат “истифодаи шиканҷа дар баробари намояндаи давлат” номида мешавад, ки ҷавобгарияш вазнин аст.

Гуфта мешавад, дар бинои шуъбаи амният дар роҳҳои ноҳияи Бози вилояти Андиҷон дурбинҳои назоратӣ насб нашуда ва атрофи бино низ бо панҷара маҳкам набудааст. Абдурашид Эргашев як сол пеш ба мақоми муовини раҳбари шуъбаи амнияти ҳаракат дар роҳҳои ноҳияи Боз таъин шуда будааст.

Бо вуҷуди он ки дар Узбакистон баъзан ҳолатҳое мушоҳида мешавад, ки сокинон бо нозирони роҳ вориди баҳс мешаванд, аммо бори аввал аст, ки як мақомдори пулис дар утоқи кораш мавриди латту кӯб қарор мегирад. Сурат Икромов, раҳбари гуруҳи ташаббускорони ҳомиёни ҳуқуқи мустақил дар Узбакистон мегӯяд, чунин шиканҷаи мақомдори пулис нишонаи он аст, ки дар “ҷамъияти беқонун” мақомдорони пулис бо гуруҳҳои ҷиноӣ алоқманданд. “Ин корро ҷинояткорони одӣ накардаанд. Дар ҳоле ки пулиси латту кӯбшуда дар ин бора чизе намегӯяд, маълум мешавад, ки зери коса никосае ҳаст. Ӯ мегӯяд, чизеро дар ёд надорад, аммо дар асл чизе гуфта наметавонад. Чунки метавонанд нисбат ба худи ӯ парванда боз кунанд,” – афзуд ӯ.

Дар Тоҷикистон низ гоҳ-гоҳе дар бораи итоат накардани сокинон ба нозирони роҳ ва ё қатли афсарони пулис хабар мерасад. Моҳи июли соли ҷорӣ майор Бахтиёр Назруллоев дар натиҷаи сӯиқасд бо чанд зарби корд кушта шуда ва ҳамлагарон барои пӯшондани изи ин ҷиноят мошини ӯро сӯзондаанд. Ин майор 35 сол дошт ва дар бахши таъмини тартиботи ҷамъиятии шӯъбаи корҳои дохилии Истаравшан кор мекард.

Аз он пеш, моҳи июн, додгоҳи Ёвон як сокини ин ноҳияро барои таҳқири ду афсари милиса ва зӯроварӣ нисбат ба яке аз онҳо ба як соли зиндони шартӣ маҳкум кард. Дар ҳукми додгоҳ омадааст, Шӯҳрат Тухтаев аввали соли ҷорӣ ба кори ду афсари милиса, ки сабабҳои як садамаи нақлиётиро таҳқиқ мекардаанд, дахолат кардааст ва дар натиҷаи байни онҳо моҷаро бархостааст. Ба қавли масъулони додгоҳ, ҳодиса рӯзи 4 январ дар деҳаи Парчасойи Ёвон сурат гирифтааст.

Солҳои ахир муноқиша байни ронандагон ва кормандони бозрасии давлатии автомобилӣ дар Тоҷикистон зиёд шудааст. Ронандагон мегӯянд, ки нозирони роҳ онҳоро беҳуда манъ карда ва бо ҳар баҳона ришва мегиранд, ҳарчанд ба гуфтаи мақомоти Бозрасии давлатии автомобилӣ гунаҳкор худи ронандагон ҳастанд, ки қонуну қоидаҳои ҳаракатро риоят намекунанд.

Намунаи пурсарусадои ҷанҷоли ронанда ва афсари милиса аввали имсол дар Душанбе буд, ки як ронанда корманди Бозрасии давлатии автомобилиро рӯи "капот"-и худраваш тақрибан то 100 метр бурд ва аз ҷойи ҳодиса фирор кард. Додгоҳ аввали имсол ин ронандаро барои нофармонӣ ба нозири роҳ ва дар хатар гузоштани ҷони ӯ ба 2.5 соли зиндон маҳкум кард.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG