Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Дар Теҳрон пешгирӣ аз интиқоли ҳероинро баррасӣ мекунанд


Виктор Иванов-раиси Хадамоти федеролии назорат бар маводи мухаддири Русия гуфтааст, ки дар рӯзҳои таътили охири ҳафта, яъне рӯзҳои шанбе ва якшанбе дар Теҳрон дар музокироти панҷ кишвар роҷеъ ба мубориза бо маводи мухаддир ширкат хоҳад ҷуст.

Дар ин мулоқот раҳбарони сохторҳои пулиси Русияву Тоҷикистон, Афғонистону Покистон ва Эрон ширкат мекунанд. Иванов гуфтааст, ки тавлиди ҳероин дар Афғонистон ба авҷи аълои худ расидааст.

Ба гуфтаи Иванов, дар тавлиди ҳероин на танҳо кишоварзон, ки бо парвариши кукнор машғуланд, балки ҳазорҳо гурӯҳи ҷиноятпешаи фаромарзӣ низ даст доранд. Онҳо маводи мухаддирро ҳам аз роҳҳои заминӣ ва ҳам аз роҳҳои обӣ интитиқол медиҳанд.

XS
SM
MD
LG