Пайвандҳои дастрасӣ

Украина қатъи парвозҳо бо шаҳрҳои Русияро эълон кард


Максим Соколов

Аз охири ҳамин ҳафта парвозҳои миёни Русия ва Украина қатъ хоҳанд шуд. Бо вуҷуди талошҳои мақомоти баландпояи Русия барои пешигирӣ аз ин тасмим, вазири зербинои Украина 24 октябр мавзеъгирии ҷониби кишварашро эълон кард.

Андрей Пововарский ба хабаргузориҳои Русия гуфт, “аз 25 октябр ҳарими ҳавоии Украина барои парвозҳо бо шаҳрҳои Русия баста хоҳанд буд”.

23 октябр мақомоти расмии Русия ва Украина дар Бруссел барои баррасии ин тасмими ҷониби Украина бо ҳам мулоқот доштанд. Максим Соколов-вазири нақлиёти Русия ба хабарнигорон гуфт, ки кишвараш барои аз миён бардоштани ин мамнуият талошҳояшро идома медиҳад.

Вай изҳор дошт, ки 75 дарсади парвозҳои миёни Русия ва Украина парвозҳои Украина мебошанд. Украина моҳи гузашта эълон карда буд, ки аз 25 октябр парвозҳои миёни Русия ва Украинаро мамнуъ мекунад.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG