Пайвандҳои дастрасӣ

Модари Бузургмеҳр: Писарамро дидам, вале санади хонаро надоданд


Ҳуриннисо Исҳоқова, модари Бузургмеҳр

Ҳуриннисо Исҳоқова, модари Бузургмеҳр

Ҳуриннисо Исҳоқова, модари вакили мудофеи боздоштшуда Бузургмеҳр Ёров мегӯяд, ки баъд аз 25 рӯзи дастгир шудани писараш тавонистааст бо ӯ дидор карда, аз аҳволаш бохабар гардад.

Ҳуриннисо Исҳоқова, модари Бузургмеҳр Ёров, мегӯяд, ки баъд аз 25 рӯзи боздошти писараш бо ӯ дидор кардааст ва феълан вакили мудофеи боздоштшуда аз чизе шикоят надорад. Исҳоқова 24 октябр дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ин мулоқоти ӯ бо писараш рӯзи ҷумъа сурат гирифта, мақомот таъхири дидори онҳоро "дар муҳр надоштани баъзе аз ҳуҷҷатҳо" гуфтаанд.

Модари Бузургмеҳр аз ин бештар дар бораи дидори худ бо писараш тафсилот надод ва танҳо гуфт, аз он нигарон аст, ки мақомот то ҳол асноди манзили онҳоро барнагардонда, ӯву хонаводаашро саргардон кардаанд.

Аз ин пеш, нависанда Равшани Ёрмуҳаммад, падари Бузургмеҳр Ёров, низ бо ирсоли як нома ба унвонии президент Эмомалӣ Раҳмон аз ӯ хоста буда, ки қазияи кофтукоби бӯстонсарояш аз сӯи кормандони пулисро баррасӣ кунад. Оқои Ёрмуҳаммад мегӯяд, рӯзи 2 октябри соли ҷорӣ кормандони Вазорати корҳои дохилӣ ба бӯстонсарояш омада, бе огоҳӣ ва бидуни пешниҳоди аснод бӯстонсароро кофтукоб ва "паспорти техникӣ"-ро бо худ бурдаанд.

Ӯ дар ин номааш бе иҷозат ба бӯстонсарояш даромадани маъмурони пулис ва бо худашон бурдани асноди бӯстонсароро "ҳуқуқвайронкунӣ" ва "як навъ таҳқир" дар баробари худ дониста буд. Ҳуриннисо Исҳоқова мегӯяд, ҳанӯз ба дархости онҳо расидагӣ сурат нагирифта, то ҳол саргардонияшон идома дорад.

Бузургмеҳр Ёрова

Бузургмеҳр Ёрова

Бузургмеҳр Ёров, вакили дифои аъзои боздоштшудаи ҲНИТ тақрибан як моҳи пеш аз сӯи пулис дастгир шуд ва ҳамакнун дар боздошт ба сар мебарад. Мақомот ӯро ба "қаллобӣ" ва "сохтакорӣ" муттаҳам мекунанд. Додгоҳи Исмоили Сомонии пойтахт ӯро ба ду моҳ ҳабси пешакӣ маҳкум кардааст.

Бино ба баёнияи созмонҳои ҳуқуқи башар, Бузургмеҳр Ёров чорумин вакили мудофеъ аст, ки дар зарфи ду соли ахир мақомоти Тоҷикистон бо иттиҳомоти ҷанбаи сиёсидошта боздошт кардаанд. Надежда Атоева, раҳбари Иттиҳодияи ҳуқуқи башар дар Осиёи Марказӣ мегӯяд, “боздошти адвокати саршиноси ҳуқуқи башар бо ангезаҳои сиёсӣ намоишгари он аст, ки мавориди поймол кардани ҳуқуқи башар дар Тоҷикистон дар ҳоли афзоиш аст. Давлати Тоҷикистонро лозим аст, Бузургмеҳр Ёровро озод карда ё имкони дастрасии ӯ ба вакили мудофеъ ва дидор бо хонаводаашро таъмин кунад”.

Боздошти Ёров дар пайи таъсиси Кумитаи ҳимоят аз узви боздоштшудаи ҲНИТ сурат гирифт. Ба дунболи он Додгоҳи олии Тоҷикистон фаъолияти ҲНИТ-ро дар қаламрави кишвар мамнӯъ эълон намуд. Мақомот Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистонро ба ҳамкорӣ бо гурӯҳи генерал-майор Абдуҳалим Назарзода, муовини пешини вазири дифои Тоҷикистон муттаҳам намуда онро созмони террористӣ эълон карданд.

Оқои Назарзода барои ташкили ҳамлаҳои мусаллаҳонаи субҳи 4 сентябри соли ҷорӣ дар шаҳрҳои Душанбе ва Ваҳдат айбдор мешуд ва баъдан дар пайи амалиёти вижаи мақомот дар дараи Ромит бо иддае аз ҳамроҳонаш кушта шудааст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG