Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

"Табибони бидуни марз" Донетскро тарк мекунад


Барт Янссенс,

Барт Янссенс,

Ҷудоихоҳони рустабор дар Донетск созмони хайрияи "Табибони бидуни марз"-ро дар нақзи қонунҳои маҳаллӣ айбдор карданд. Як намояндаи Ҷумҳурии мардумии Донетск ба хабаргузории Франс-Пресс гуфт, ки сабти номи созмони "Табибони бидуни марз" лағв шуд.

Барт Янссенс, яке аз раҳбарони созмон, тасмими мақомоти Донетскро ташвишовар номид ва гуфт, ки онҳо аз лағви сабти ном сахт нигаронанд. Ба иттилои расонаҳои украинӣ, намояндагони созмони "Табибони бидуни марз" асосан дар беморхонаҳои сил ва маҳбасҳои Донетск фаъолият мекарданд.

Аз ин пеш ҷудоихоҳон сабти номи Кумитаи байнулмилалии Салиби Сурх ва созмони хайрияи "Одамон дар фалокат"-и Ҷумҳурии Чехро ҳам лағв карда буданд.

XS
SM
MD
LG