Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Токио ва Ашқобод қарордодҳои муҳим имзо карданд


Ҷопон ва Туркманистон ба маблағи 18 миллиард доллар қарордод имзо карданд. Дар ин бора Шинзо Абэ, нахуствазири Ҷопон, дар Ашқобод хабар дод. Ба гуфтаи ӯ, ду кишвар дар бахши саноати кимиё ва бунёди нерӯгоҳҳо тарҳҳои муштаракро рӯи даст хоҳанд гирифт.

Сафари Шинзо Абэ ба кишварҳои Осиё ва Осиёи Марказӣ рӯзи 22 октябр аз Муғулистон шурӯъ шуд. Нахуствазири Ҷопон, рӯзи 24 октябр бо нахустин сафари расмӣ ба Тоҷикистон меояд. Қарор аст, ки баъдан ӯ аз Ӯзбакистон, Қирғизистон ва Қазоқистон ҳам дидан кунад. Дар ин сафар Шинзо Абэро 50 тоҷири ҷопонӣ ҳамроҳӣ мекунанд.

Қаблан созмони дидбони ҳуқуқи башар Ҳуман Райтс Вотч аз Шинзо Абэ хост, ки дар мулоқот бо раҳбарони кишварҳои Осиёи Марказӣ аз нигаронии ҷомеъаи ҷаҳонӣ аз вазъи ҳуқуқи башар дар минтақа ёдовар шавад.

XS
SM
MD
LG