Пайвандҳои дастрасӣ

Бар асари таркиши минаи сарироҳӣ дар шаҳри Ал-Ариш, воқеъ дар Синойи шимолии Миср як корманди полис ба ҳалокат расид ва се сарбози дигар маҷрӯҳ шуданд.

Мақомоти низомӣ гуфтанд, ки мошини зиреҳпӯш бо чаҳор низомӣ рӯзи 23 октябр баъд аз убур аз постгоҳи амниятӣ таркид.

Масъулияти ҳамларо ягон гурӯҳ бар дӯш нагирифтааст.

Як гурӯҳ аз сарбозони «Давлати исломӣ» ва дигар созмонҳои ошӯбгар дар Синои шимолӣ мустақаранд ва пайваста ба нерӯҳои амниятии Миср ҳамла мекунанд. Ин ҳамлаҳо баъд аз барканории раисиҷумҳури пешин Муҳаммад Мурсӣ аз мақом дар тобистони соли 2013 ба карат афзоиш ёфтанд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG