Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Лавров ва Керрӣ вазъи Сурияро баррасӣ мекунанд


Вазири умури хориҷии Русия Сергей Лавров ва ҳамтои амрикоияш Ҷон Керрӣ рӯзи 23 октябр дар Вена масоили марбут ба авзоъ дар Сурияро баррасӣ мекунанд.

Қарор аст, ки дар мулоқот вазирони умури хориҷии Туркия ва Арабистони Саъудӣ ҳузур дошта бошанд. Машварати вазирон дар робита ба натиҷаҳои мулоқоти ахири раисиҷумҳури Сурия Башор Асад ва сарвари Русия Владимир Путин дар Маскав баргузор мешавад.

Мақомоти ИМА аз музокироти Путин ва Асад изҳори норозигӣ карданд. Хабаргузориҳои ғарбӣ менависанд, ки се ҳафта пеш Русия фақат ба хотири кӯмак ба нерӯҳои собиқ ба Башор Асад амалиёти низомиро дар Сурия шурӯъ кард.

Владимир Путин рӯзи панҷшанбе изҳор намуд, ки Башор Асад дар мулоқот бо ӯ дар бораи омодагияш барои музокирот бо мухолифонаш хабар дод ва аммо ба шарте, ки намояндагони нерӯҳои мухолифин ҳам барои гуфтугӯ ва муқовимат бо гурӯҳи террористии «Давлати исломӣ» омода бошанд.

XS
SM
MD
LG