Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Охирин маҳбуси фирорӣ кушта шуд


Олтинбек Итибоев
Олтинбек Итибоев

Дар Қирғизистон Олтинбек Итибоев, охирин нафар аз маҳбусоне, ки аз зиндони вилояти Чуй фирор карда буданд, кушта шуд. Бар пояи иттилои пешакӣ, дар амалиёти боздошти Итибоев рӯзи 23 октябр як корманди гурӯҳи вокуниши сареъи вазорати умури дохила ва ду сокини маҳаллӣ ҳам ба ҳалокат расиданд. .

Ба иттилои бахши қирғизии Радиои Озодӣ, Итибоев дар як манзили бинои истиқоматӣ дар Бишкек камин гирифта буд ва муқовимати шадид кард.

Як рӯз пеш дигар аз маҳбусони фирорӣ – Одил Абдураҳмонов боздошт шуда буд.

Аз нӯҳ нафаре, ки рӯзи 12 октябр аз маҳбас фирор карда буданд, се нафар кушта ва се нафар дастгир шуданд. Се нафари дигар бад аз боздошт, ба иттилои расмӣ, бар асари маризии дил аз олам даргузаштанд. Тафтиши сабабҳои марги онҳо идома дорад. Расонаҳои маҳаллӣ ҳадс мезананд, ки онҳо бар асари шиканҷа ва лату кӯби шадид аз сӯи кормандони милиса аз олам даргузаштаанд.

Ёдовар мешавем, маҳбусон ҳангоми фирор аз зиндон чаҳор нозирро кушта буданд.

XS
SM
MD
LG