Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Кашфи маъбади таърихӣ дар Мӯъминобод


Дар деҳаи Сиёҳмӯзаи ҷамоати Чилдухтарони ноҳияи Мӯъминобод, аз зери роҳ як маъбади таърихӣ кашф шуд, ки дар он навиштаҷот бо ҳуруфи куфӣ ва наққошӣ ба чашм мехурад.

Маҳсиддин Талабов, нозири ёдгориҳои таърихии ноҳияи Муъминобод, рӯзи 23 октябр ба Радиои Озодӣ ин хабарро тасдиқ кард ва гуфт, ин маъбад дар шоҳроҳи деҳаи Сиёҳмузаиҷамоати Чилдухтарон ҳангоми таъмири роҳ пайдо шудааст.

Ба гуфтаи ҷанобиТалабов, ин маъбад аз ду ҳуҷра иборат буда, тӯлаш 13 метр аст. Ӯ мегӯяд, ки баъди ташхиси бостоншиносӣ мутахассисони Вазорати фарҳанги Тоҷикистон муайян карданд, ки ин маъбад ё хона дар асрҳои 5 ва 6 мелодӣ бунёд шудааст.

Ӯ мегӯяд: “Вақте роҳ навсозӣ мешуд, ҳангоми кандан, як қисмати ин маъбад фурӯ рафтааст. Баъди бозёфт таърихшиносон омада муайян карданд, ки ин аз асри 5-6 боқӣ мондааст. Дар деворҳои ин маъбад навиштаҷоти куфӣ ва наққошӣ ҳаст, ки то кунун хароб нашудааст”.

Ин барои аввалин бор аст, ки дар ноҳияи Мӯъминобод баъди мавзеи Чилдухтарон чунин осори таърихӣ ёфт шудааст. Тибқи ривояти асотирӣ мавзеи Чилдухтарон таърихи беш аз 4000 сола дорад.

XS
SM
MD
LG