Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Рӯзи фарҳангу маърифат дар зиндони занона


Дар Муассисаи ислоҳии занонаи шаҳри Норак ба манзури ошноӣ бо натиҷаҳои ҳамкории сохторҳои давлатӣ, ҷамъиятӣ ва саҳмгузорони байналмилалӣ дар ҷараёни омодасозии занон ба озодӣ Рўзи маърифату фарҳанг баргузор шуд. Дар ин ҳамоиш масоили марбут ба боло бурдани сатҳи ҳирфаии муаллимон ва устодони омӯзишгоҳи касбӣ, рушди заминаи молӣ-техникӣ барои таълимоти касбӣ дар муассисаи ислоҳии занона ва ташкили омўзиши касбии занони зиндонӣ ба ихтисосҳое, ки бозори меҳнат ба онҳо эҳтиёҷ дорад, баррасӣ гардид.

Дар доираи ин ҷамъомад, озмунҳои гуногун, аз ҷумла, озмунҳо зери шиори “Таҳсилот дар ҳаёти ман”, намоиши намунаи либосҳо ва ороиши мӯйи хатмкунандагони омӯзишгоҳи касбию техникӣ баргузор шуданд. Ба иштирокчиёни фаъоли лоиҳа шаҳодатномаҳо супурда шуданд.

Дар ҷамъомад ба ҳайси меҳмон намояндагони сохторҳои давлатӣ, созмонҳои байналмилалию ҷамъиятӣ ширкат варзиданд.

Чорабинии мазкур дар доираи лоиҳаи «Ҳуқуқҳои иҷтимоиву иқтисодӣ ва фарҳангии маҳкумшудагон ва собиқ маҳкумшудагондар Тоҷикистон» гузаронда шудааст, ки аз ҷониби Иттиҳодияи Аврупо ва Вазорати федеролии ҳамкории иқтисодӣ ва рушди Олмон маблағгузорӣ шуда, аз тарафи Намояндагии Институти ҳамкориҳои байналмилалии Ассосиатсияи донишгоҳҳои мардумии Олмон маблағгузорӣ шуда, аз тарафи Намояндагии Институти ҳамкории байналмилалии Ассосиатсияи донишгоҳҳои мардумии Олмон дар Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо созмонҳои “Идораи ҳуқуқи инсон ва риояи қонуният” ва “Ҷаҳон”-и Тоҷикистон амалӣ мешавад.

XS
SM
MD
LG