Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сокинони Тбилисӣ акнун "Туркманистон"-и худро доранд


Дар пойтахти Гурҷистон имрӯз дар маросими расмие мағозаи "Туркманистон" ифтитоҳ шуд. Дар ин маросим кормандони сафорати Туркманистон дар Гурҷистон, тоҷирони туркманистонӣ, раҳбарони шаҳрдории Тбилисӣ, намояндагони Вазорати корҳои хориҷӣ, Палатаи тиҷоративу саноатии Гурҷистон ва тоҷирони гурҷӣ ширкат карданд.

Дар назди мағозаи нав фурӯшгоҳ ташкил карда шуд. Ин фурӯшгоҳ аз сӯйи Иттиҳоди саноатчиён ва бозаргонони Туркманистон бо мусоидати ниҳодҳои мухталифи иқтисодии ин кишвари Осиёи Марказӣ ташкил шудааст. Ширкаткунандагони ин фурӯшгоҳ метавонанд маҳсулоти мухталифи тавлиди Туркманистон аз ҷумла тавлидоти санъатии нассоҷӣ, гилем ва маҳсулоти қолинӣ, маҳсулоти хотиравиро харидорӣ кунанд.

XS
SM
MD
LG