Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қарзи хориҷии Қазоқистон аз марзи 155 миллиард доллар гузашт


То 30 июни соли 2015 қарзи хориҷии Қазоқистон 155,2 миллиард доллари ИМА-ро ташкил медод. Тавре маркази матбуотии Бонки миллии Қазоқистон хабар дод, аз маҷмӯи қарзҳои хориҷӣ 5 дарсад ва ё 7,8 миллиард доллар ин қарзи хориҷии бахши давлатист, 6,2% ва ё 9,7 миллиардаш қарзи бахши бонкӣ мебошад.

Қисми қобили таваҷҷӯҳи қарзи хориҷии Қазоқистон - 36,2% ва ё 56,2 миллиард долларро қарзи "башҳои дигари" иқтисодӣ, ки бо сармоягузорӣ пайванди мустақим надоранд, ташкил медиҳад. Аммо қисмати бештар - 52,6% ва ё 81,7 милл. доллари қарз аз ҳисоби қарзҳои корхонаҳои мушатараки миллӣ ва шахсӣ ташкил шудааст.

Давоми семоҳаи дуввуми соли ҷорӣ қарзи хориҷии Қазоқистон 0,9 миллиард доллар афзоиш ёфт. Дар ҳоле, ки дар ин муддат қарзи хориҷии бахши давлатӣ дар ҳаҷми 82 милл. доллар коҳиш ёфта буд.

XS
SM
MD
LG