Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мулоқоти Қоҳир Расулзода бо муовини сарвазири Қирғизистон


Дар ин дидор умдатан масоили марзӣ миёни Тоҷикистону Қирғизистон баррасӣ шудааст
Дар ин дидор умдатан масоили марзӣ миёни Тоҷикистону Қирғизистон баррасӣ шудааст

Қоҳир Расулзода, Сарвазири Тоҷикистон бо Абдураҳмон Маматалиев, муовини сарвазири Қирғизистонраванди мушаххассозии марзи муштараки ду кишвар ва ҳамкориҳои дуҷониба дар бахшҳоииқтисодӣ ва иҷтимоиро баррасӣ кардааст.

Ҷаноби Маматалиев дар раъси ҳайати давлати Қирғизистон дар музокироти Комиссияи байнидавлатии Тоҷикистон ва Қирғизистон дар Душанбе ширкат дорад.

Дирӯз дар шаҳри Душанбе гуфтушуниди серӯзаи аъзои Комиссияи байнидавлатии Тоҷикистону Қирғизистон шурӯъ шуда, то рӯзи ҷумъаи ҳафтаи равон идома хоҳад кард.

Гуфта мешавад, дар ин гуфтугӯҳо дар канори масоили марзӣ бунёди роҳҳо ва купрукҳо дар манотиқи марзии Исфара ва Бобоҷон Ғафуров бо вилояти Бодканди Қирғизистон матраҳ хоҳанд шуд.

То ҳанӯз аз 976 километр марзи Тоҷикистону Қирғизистон танҳо 504 километраш пурра таъин ва аломатгузорӣ шудааст. Идомаи баҳси ду кишвар бар сари қисматҳои боқимондаи марз, аз ҷумла, такяи Қирғизистон ба харитаи соли 1989 ва такя кардани Тоҷикистон ба харитаи қадимтари соли 1924, соли таъсиси Тоҷикистону Қирғизистон, мунҷар ба он шуд, ки Душанбеву Бишкек аз соли 2006 ба ин тараф дар раванди таъин ва аломатгузории марзҳояшон дигар ягон километр пеш нарафтаанд.

Манобеи Радиои Озодӣ мегӯянд, ки Қирғизистон ба тақрибан 2,5 ҳазор гектар замин дар дохили қаламрави Тоҷикистон даъво дорад. Тоҷикистон ба навбати худ иддао дорад, ки дар натиҷаи иҷорадиҳии заминҳои кишту чарогоҳ, ки байни ҷумҳуриҳои “дӯст ва бародар”-и Иттиҳоди Шӯравӣ як амри роиҷ буд, имрӯз даҳҳо ҳазор гектар заминаш ба ихтиёри Қирғизистон гузаштааст.

XS
SM
MD
LG