Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷон Керрӣ ва Нетаняҳу хостори қатъи ситезаҷӯӣ шуданд


Ҷон Керрӣ-вазири корҳои хориҷаи Амрико ва Бенямин Нетаняҳу-нахуствазири Исроил дар мулоқоти худ дар Берлин дархост карданд, ки ба таври фаврӣ гунаҳгорсозии якдигар ва хушунатҳо дар Ховари Миёна хотима ёбад. Ин мулоқот 22 октябр баргузор шуд.

Ҷон Керрӣ хост, ки ба ҳар гуна таҳрикот ва хушунатҳо бояд хотима дода шавад. Аммо Нетаняҳу иттиҳомоти пешинро такрор кард ва гуфт, Маҳмуд Аббос-раиси ташкилоти худгардони Фаластин барои таҳрики моҷароҳо гунаҳгор аст.

Нетаняҳу гуфт, гурӯҳҳои фаластинӣ мавҷи ҳамлаҳои фаластиниҳо бар зидди исроилиҳоро таҳрик мекунанд ва Маҳмуд Аббос дар ин бора дурӯғпароканӣ мекунад.

Ҳадафи боздиди Ҷон Керрӣ аз ин музокирот коҳиши ташаннуҷ ва боздоштани хушунатҳо байни исроилиҳо ва фаластиниҳо мебошад.

Як намояндаи боломақоми Амрико, ки Ҷон Керриро дар ин сафар ҳамроҳӣ мекунад, хабар дод, ки вазири хориҷаи Амрико дар музокироти рӯзи панҷшанбе талош хоҳад кард, ки “лаҳни гуфтугӯҳо”-и миёни Исроилу Фаластинро тағир диҳад ва мақоми ҳуқуқии масҷиди Ал Ақсоро диқиқ кунад.

Ин масҷид ҳоло мавзӯи аслии баҳси ҷонибҳост ва дар маркази муноқиша қарор дорад.

Интизор меравад, ки Ҷон Керрӣ рӯзи шанбе дар Урдун бо Маҳмуд Аббос-раиси ташкилоти худгардони Фаластин низ мулоқот кунад ва дар ин мулоқот мақоми масҷиди мазкур муайян хоҳад шуд.

XS
SM
MD
LG