Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ҷон Керрӣ бо Нетаняҳу ва Маҳмуд Аббос мулоқот мекунад


Ҷон Керрӣ-вазири корҳои хориҷаи Амрико барои музокира бо Бенямин Нетаняҳу-нахуствазири Исроил ба Берлин омад. Ҳадафи ин музокирот коҳиши ташаннуҷ ва боздоштани хушунатҳо байни исроилиҳо ва фаластиниҳо мебошад.

Як намояндаи боломақоми Амрико, ки Ҷон Керриро дар ин сафар ҳамроҳӣ мекунад, хабар дод, ки вазири хориҷаи Амрико дар музокироти рӯзи панҷшанбе талош хоҳад кард, ки “лаҳни гуфтугӯҳо”-и миёни Исроилу Фаластинро тағир диҳад ва мақоми ҳуқуқии масҷиди Ал Ақсоро диқиқ кунад.

Ин масҷид ҳоло мавзӯи аслии баҳси ҷонибҳост ва дар маркази муноқиша қарор дорад.

Интизор меравад, ки Ҷон Керрӣ рӯзи шанбе дар Урдун бо Маҳмуд Аббос-раиси ташкилоти худгардони Фаластин низ мулоқот кунад ва дар ин мулоқот мақоми масҷиди мазкур муайян хоҳад шуд.

XS
SM
MD
LG