Пайвандҳои дастрасӣ

Бо дастури вазири мудофиаи Тоҷикистон аз ин ба баъд ҳар наваскаре, ки ба хизмати артиш меояд, қабл аз он, ки ба дасташ силоҳ дода шавад, бояд пурра ҳолати руҳӣ ва вазъи хонаводагии вай омӯхта шавад.

Вазири дифоъ Шералӣ Мирзо дар як ҷаласа аз масъулини қисмҳои ҳарбӣ хостааст, бо аҳволи ҳар сарбоз дар алоҳидагӣ ошно шаванд ва ба онҳо имкон диҳанд дар ҳолати зарурӣ бидуни ягон мушкил ба назди хонаводаҳои худ раванд. Ин таъкид ҳам бо ҳадафи зуд ва осон мутобиқ шудани сарбозон ба хизмат ва ҳам ҷилавгирӣ аз ҷинояту талоши худкушӣ дар артиш гирифта шудааст.

Дастуру таъкиди вазири дифои Тоҷикистон ба қисмҳои ҳарбӣ, ҷиҳати беҳтар кардани муносибат бо сарбозон дар ҳолест, ки тайи ду соли ахир ҳодисаҳои зиёди фирор аз сафи қувваҳои мусаллаҳ ва худкушии сарбозону бар асари латукӯб маъюб шудани онҳо ба расонаҳо роҳ ёфт.

Фаридун Маҳмадалиев, рӯзи сухангӯи вазорати дифои Тоҷикистон 21 уми октябр дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, дар бархе ҳолатҳо зимни даъвати ҷавонон ба артиш, вазъи хонаводагӣ ва ҳолати рӯҳии онҳо ба назар гирифта намешавад. Бинобар ин, ба гуфтаи ӯ, дар қисмҳои ҳарбӣ, ки ба сарбоз яроқи оташфишон бовар карда мешавад, бояд ҳатман масъулин аз ҳолу равони ҳар як нафар бохабар бошанд.

Фаридун Маҳмадалиев, сухангӯи вазорати дифои Тоҷикистон.

Фаридун Маҳмадалиев, сухангӯи вазорати дифои Тоҷикистон.

Барои ин кор дар қисмҳои ҳарбӣ афсарони таҷрибаи кориашон на камтар аз 5 сол вобаста шудаанд. Онҳо бояд баробари омадани ҳар наваскар дар алоҳидагӣ бо ӯ дар бораи вазъи оила, ҳолати равонӣ, хоҳишу нақша ва ҳадафаш аз омадан ба хизмати ҳарбӣ сӯҳбат кунанд. Вазир аз масъулинин қисмҳои низомӣ хостааст робитаи сарбозонро бо хонаводахояшон канда накунанд ва бигузоранд, онҳо бо волидони худ телефони пайваста дар тамос бошанд ва дар ҳолати зарурӣ, барои як муддати муайян рухсат шаванд.

Вазири дифоъ ба зертобеонаш таъкид кардааст, то сарбозонро чун як инсон дарку дастгирӣ намоянд. Фаридун Муҳаммадалиев мегӯяд, “Супориши аст, ки агар сарбозеро падар ё модараш бемор асту мушкили дигаре дорад, дарҳол бояд муайян ва барои як муддат ҷавоб дода шавад.”

Зеро ба гуфтаи ҷаноби Маҳмадалиев, агар сарбоз мушкиле дораду дар ҳолати бади рӯҳӣ қарор дорад, наметавонад бо дасту дили гарм хизмати аскариро идома диҳад. Ба бовари масъулини вазорати дифои Тоҷикистон, бо ба роҳ мондани чунин муносибат дар қисмҳои ҳарбӣ, “фирору ҷинояткорӣ аз сӯи сарбозон кам ва садоқати сарбоз ба ватан ҳам бештар мешавад”

Бар пояи қонун, ба ҳар сарбоз баъди як соли хизмат иҷоза дода мешавад, то барои 20 рӯз ба назди хонаводааш баргарданд. Вобаста ба рафтори сарбоз дар ҷараёни хизмат, муҳлати рухсатии ӯ низ метавонад 5 рӯз кам ва зиёд шавад. Дар ҳолати зарурӣ ва бемор будани ягон аъзои хонавода танҳо бо пешниҳоди барқияву ҳуҷҷатҳои зарурӣ сарбоз метавонад ба хона рухсат шавад.

Аммо як пурсиши ваколатдори ҳуқуқ инсон ва иттифоқи волидони сарбозон дар 5 қисми ҳарбӣ муайян кардааст, ки нисфи аскарон, ки дар роҳи дур аз хонаводаҳои худ хизмат мекунанд, бештар аз як сол ба назди волидонашон нарафтаанд. Муззафар Бобоҷонов, раиси Иттифоқи волидони сарбозони вилояти Суғд, ки дар ин пурсиш ширкат кардааст, мегӯяд, “вақте мупурсидем, ки чаро ба хона нарафтааст, мегуфтанд, хонаамон дур аст ё шароит надорам ё зарур намедонам.”

Ҷаноби Бобоҷонов мегӯяд, барои тамоси телефонӣ бо хонаводаҳои худ сарбозон дар рӯзҳои шанбе ва якшанбе иҷоза доранд. Аммо сарбозҳо маъмулан дар ҳузур ва бо телефони командири қисми ҳарбӣ сӯҳбат мекунанд ва дар чунин ҳолат сарбоз агар оиладор аст ва ё шикояте дорад, наметавонад озодона сӯҳбат кунад.

Ҳарчанд бархе аз сарбозоне, ки солҳои ахир хизматро адо кардаанд, мегӯянд, дар хизмат бар ивази маблағ ё бо роҳҳои пинҳонӣ бархе аз телефонҳои дастӣ истифода мебаранд ё барои як ду рӯз ба хонаҳои худ мерафтанд. Аммо онҳое, ки шароити молиашон хуб несту дар навоҳии дурдаст хизмат мекунанд, аз ин имкон маҳруманд.

Ин ҳам дар ҳоле, ки ба гуфтаи таҳлилгарон, мутбиқшавии як ҷавон ба муҳиту зиндагие, ки комилан аз шароити хонаи ӯ фарқ мекунад, мушкил аст. Дар миёни даҳҳо нафар бо рафтору кирдори мухталиф, наваскар метавонад ба мушкили зиёд рӯ ба рӯ шавад ва дар ҳолати бади рӯҳӣ қарор бигирад. Маҳз дар чунин ҳолат ӯ бештар аз ҳама ба дастгирии волидону наздикон ва ҳамчунин масъулини қисмҳои ҳарбӣ ниёз дорад. Бо тамос доштан ба волидону дастрасии озод ба масъулини қисми ҳарбӣ, ӯ метавонад ҳарфи дил ва ҳолати равонии худро рӯшан кунад ва ба гуфтаи таҳлилгарон ин иртибот метавонад ҳаргуна фикрҳои носолимро аз сари ӯ дур созад.

Як пешниҳоди созмонҳои дифоъ аз ҳуқуқи инсон, аз ҷумла Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ ба тарҳи “Қонун дар бораи ӯҳдадориҳои ҳарбӣ” ҳам фароҳам овардани тамосу робитаи озоди сарбозон бо хонавода ё

Дилафрӯз Самадова

Дилафрӯз Самадова

мақомоти масъул буд. Дилафрӯз Самадова, як намояндаи ин созмон мегӯяд, маҳз робитаи зич ва сӯҳбатҳои озод бо наздикон метавонад ба сарбоз дар мутобиқ шудан ба муҳити нав кӯмак кунад. “ Дар бархе ҳолат онҳо метавонанд тавассути ин сӯҳбатҳо аз кадом як кирдори бад нисбати худ ба наздикон ё афроди масъул бигӯянд ва ба мушикил бидуни ягон фоҷеаи бад ё худкушӣ расидагӣ шавад.”

Пешниҳоди Дафтари Озодиҳои шаҳрвандӣ ва ҳам таъкидҳои вазорати дифои Тоҷикистон барои монеа нашудан дар тамосу равуои сарбозон ба хонаҳояшон дар ҳолест, ки тайи солҳои ахир чандин ҳодисаи фирору худкушӣ ва маъбшудани сарбозон дар артиш расонаӣ шуд. Ин ҳама боис шуд борони интиқод ба сари вазорати дифоъ ва дигар сохторҳои масъули Тоҷикистон резад.

Моҳи феврали соли равон Наҷмиддин Қаюмов -- сарбози як қисми ҳарбии вазорати дифоъ бо истифода аз силоҳи “Калашников” қасди ҷони худ кард ва маъюб шуд. Волидони сарбоз фишору мушкилот дар хизматро боис ба талоши худкушии фарзандашон унвон карданд, аммо худи Наҷмиддин баъди ба ҳуш омадан гуфта буд аз беэҳтиётӣ ба сӯи худ тир холӣ кардааст.

Ҳамин тавр дар соли 2014 созмони Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ, 8 парвандаи марг ё осеби ҷисмонии сарбозонро ҳангоми хизмат ба қайд гирифт, ки яке аз онҳо талоши худмаъюбкунии сарбоз буд. Бархе аз мақомдорон дар ин маврид худи ҷавононро, барои омода набудан ба хизмати ҳарбӣ ва тоб наовардан ба оддитарин мушкилот дар хизмат, интиқод мекунанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG