Пайвандҳои дастрасӣ

Маҷаллаи сиёсии "Адам" дар Алмаато баста шуд


Додгоҳи Қазоқистон яке аз нашрияҳои мустақили сиёсиро баст. Ин нашрия бо интиқодҳои худ аз сиёсатҳои ҳукумати ин кишвар шӯҳрат дорад.

Додгоҳи ноҳияи Медео дар Алмаато 22 октябр тасмим гирифт, ки маҷаллаи “Адам” ё “Одам”ва сафҳаи Facebook-и он барои риоят накардани қонуни забон баста шаванд.

Бо ҳукми як додгоҳи дигари Алмаато чопи ин маҷалла моҳи август боздошта шуд ва сардабирони он ҷарима шуда буданд ва сабаб ин буд, ки ин маҷалла танҳо ба забони русӣ ба нашр мерасид.

Тибқи қонуни забони Қазоқистон бояд тақрибан 50 дарсади матолиби ҳар нашрия ба забони давлатӣ, яъне қазоқӣ чоп шавад.

Маҷаллаи “Адам” моҳи март ба чоп шуруъ кард ва он ҷойгузини маҷаллаи “Адам бол” ё “Одам шав” буд. “Адам бол” моҳи декабри соли 2014 баста шуда буд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG