Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

HRW аз Шинзо Абе хост, ки масъалаҳои ҳуқуқи башарро баррасӣ кунад


Шинзо Абе
Шинзо Абе

Дидбони Ҳуқуқи Башар ё Human Rights Watch аз Шинзо Абе-нахуствазири Ҷопон дархост кард, ки дар ҷараёни боздидаш аз кишварҳои Осиёи Миёна “нигарониҳо аз вазъи ҳуқуқи башар дар саросари минтақа”-ро матраҳ кунад.

Ин силсилабоздидҳо 22 октябр оғоз меёбад. Дар остонаи ин боздид ин созмони нозири ҳуқуқи башар аз Шинзо Абе хост, ки ин масъаларо чун масъалаҳои калидии нигаронкунанда дар ҳар кишвар дар мулоқот бо раҳбарони онҳо дар миён гузорад.

Ба ин масъалаҳо боздоштҳои сиёсӣ, ба зиндон андохтани фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ ва фаъолони ҳуқуқи башар дохил мешаванд. Талошҳо барои қатъи фаъолияти созмонҳои ғайридавлатӣ ва мадудияти озодии матбуот, пешгирӣ аз ташкили созмонҳову анҷуманҳо ва беҷазо мондан барои шиканҷа додан аз ҷумлаи масоили дигари нигаронкунанда ба шумор мераванд.

Дар ин боздиди Шинзо Аберо намондагони 50 ширкати ҷопонӣ ҳамроҳӣ мекунанд Ин боздид аз Муғалистон оғоз мешавад ва дар 5 кишвари Осиёи Миёна идома мебад.

Абе гуфт, “Мо умед дорем, ки ба таври ҳамаҷониба робитаҳоро бо ҳамсояҳои шарқӣ таҳким бахшем”. Абе аз аввалин нахуствазирони Ҷопон мебошад, ки аз Туркманистону Тоҷикистон ва Қирғизистон боздид мекунад.

XS
SM
MD
LG