Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Чаҳор бозии даври 20-уми мусобиқаи лигаи аввали футболи Тоҷикистон баргузор шуд.

Чаҳор бозии даври 20-уми мусобиқаи лигаи аввали футболи Тоҷикистон баргузор шуд.

Аз чаҳор бозии даври 20-уми мусобиқаи лигаи аввали футболи Тоҷикистон дутоаш бо пирӯзии мизбонон ва дутоаш бо натиҷаи мусовӣ поён ёфт. Дастаи «Ҳосилот»-и Фархор ба иллати хориҷ кардани варзишгоҳаш бозии хонагиашро муқобили “Чашма”-и Шаҳритус дар майдони бетараф – Варзишгоҳи марказии Душанбе - анҷом дод. Бозӣ бо ғалабаи фархориҳо бо ҳисоби бузурги 5-0 ба анҷом расид. Ин пирӯзӣ мавқеи “Ҳосилот”-ро дар садри ҷадвали мусобиқа устувор намуд. Футболбозони Фархор дар 18 бозӣ 41 имтиёз ба даст овардаанд.

Дастаи «Ҳулбук»-и Восеъ, ки бозиро дар меҳмонӣ бо «Канд»-и Конибодом бо ҳисоби мусовии 1:1 анҷом дод, бо 39 имтиёз дар зинаи дувум қарор дорад. “Ҳулбук” нисбат ба рақиби аслиаш – “Ҳосилот” – як бозӣ зиёдтар кардааст.

Инчунин, бозии «Локомотив»-и Душанбе ва «Зарафшон»-и Панҷакент бо ҳисоби мусовии 2:2 ба охир расид. Дар бозии дигари даври 20-ум «Саройкамар»-и Панҷ дастаи меҳмон - «Помир»-и Душанберо бо ҳисоби 3:0 шикаст дод.

Мусобиқаи лигаи аввали Тоҷикистон. Даври 20-ум

«Саройкамар» — «Помир» — 3:0

«Ҳосилот» — «Чашма» — 5:0

«Канд» — «Ҳулбук» — 1:1

«Локомотив» — «Зарафшон» - 2:2

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқа

Ҷ

ДАСТАҲО

Б

Ғ

М

Б

Т

И

1

«Ҳосилот» (Фархор)

18

13

2

3

36-14

41

2

«Ҳулбук» (Восеъ)

19

11

6

2

35-20

39

3

«Саройкамар» (Панҷ)

19

12

2

5

47-15

38

4

«Эсхата» (Хуҷанд)

18

11

4

3

54-24

37

5

«Панҷшер» (Румӣ)

17

10

6

1

34-11

36

6

«Кӯктош» (Рӯдакӣ)

17

10

4

3

51-24

34

7

«Исфара» (Исфара)

18

8

2

8

35-33

26

8

«Чашма» (Шаҳритус)

18

6

1

11

28-48

19

9

«Помир» (Душанбе)

17

5

2

10

26-35

17

10

«Локомотив» (Душанбе)

18

5

2

11

21-45

17

11

«Канд» (Конибодом)

18

3

1

14

23-48

10

12

«Зарафшон» (Панҷакент)

18

2

4

12

17-35

10

13

МТО (Хуҷанд)

17

2

0

15

23-78

6

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG