Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

ИМА Русияро барои пазироии Башор Асад ба шиддат маҳкум кард


ИМА Русияро барои пазироии президенти Сурия Башор Асад дар Москва ба шиддат маҳкум кард. Башор Асад бо як сафари ғайриинтизор барои мулоқот бо президенти Русия Владимир Путин ба Москва омад.

"Мо бар ин назарем, ки паҳн кардани қолини сурх зери пои Асад – президенте, ки зидди мардуми худ силоҳи кимиёӣ истифода кард - бо аҳдофи баёнкардаи русҳо дар бораи интиқоли сиёсӣ дар Сурия мухолифат дорад", - изҳор дошт намояндаи расмии Кохи сафед Эрик Шултс ба рӯзноманигорон.

XS
SM
MD
LG