Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Қирғизистон сабабҳои марги се маҳбуси фирорӣ таҳқиқ мешавад


Мақомоти Қирғизистон сабабҳои марги 3 маҳбуси фирорӣ аз боздоштгоҳи вилояти Чуйи он кишварро таҳқиқ мекунанд. Ин маҳбусон дар рӯзи нахусти фирор дубора боздошт шудаанд.

Бино ба маълумоти пешакӣ, Таалайбек Жуманов, Бакит Кенжегулов ва Муратбек Жумалиев дар натиҷаи норасии қалбӣ ва омоси мағзи сар фавтидаанд. Ҳар сеи онҳо барои куштор маҳкум шуда буданд.

Баъд аз фавти маҳбусон расонаҳои маҳаллӣ навиштанд, ки кормандони милиса фирориёни боздоштшударо лату кӯб кардаанд.

12 октябр аз боздоштгоҳи вилояти Чуйи Қирғизистон 9 маҳбус фирор кард. Пулис дар рӯзи нахусти фирор 5 нафари онҳоро боздошт кард, чаҳор нафари дигар тавонистанд, ки пинҳон шаванд. 16 ва 20 октябр 2 фирорӣ кушта шуд. Дар ҳоли ҳозир ҷустуҷӯи 2 фирории боқимонда идома дорад.

XS
SM
MD
LG