Пайвандҳои дастрасӣ

Ҷарима -- 4 ҳазор сомонӣ барои таҷлили зодрӯз дар чойхонаи "Тоқӣ"


Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ. Акс аз бойгонӣ.

Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ. Акс аз бойгонӣ.

Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ як сокини пойтахтро барои таҷлили зодрӯзаш дар чойхонаи “Тоқӣ” барои нақзи қонуни танзими расму оинҳо ва маросимҳо, 4 ҳазор сомонӣ ҷарима баст.

Як сокини шаҳри Душанбе барои таҷлили зодрӯзаш дар чойхонаи "Тоқӣ" аз сӯи додгоҳ ба маблағи 4 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст. Ин сокини пойтахт ба нақзи қонуни танзими расму оинҳо ва маросимҳо муттаҳам мешавад.

Аз додгоҳи Исмоили Сомонӣ рӯзи 22 октябр ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки шаҳрванд А.З рӯзи 1 сентябр барои ҷашн гирифтани рӯзи таваллудаш берун аз хона, бо даъват кардани 15 дӯсташ, дар чойхонаи “Тоқӣ” зиёфат оростааст.

Ба гуфтаи манбаъ, аммо таҷлили зодрӯзи ин шахс аз сӯи кормандони додситонии ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе муайян шуд ва нисбаташ бо моддаи 481 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, санад тартиб доданд.

Ин бори дувум аст, ки додгоҳи Исмоили Сомонии пойтахт аз ҷарима бастани ду сокини пойтахт барои таҷлили зодрӯз дар тарабхонаҳо хабар медиҳад. Ду моҳи қабл ҳам як ҷавонро барои нашри аксҳои як шабнишинӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ, 4000 сомонӣ ҷарима баста буд.

Қонуни зиддунақизи танзими расму ойинҳо дар Тоҷикистон дар соли 2007 қабул шуд. Ин қонун баргузории тӯю худоиҳоро бо ширкати ҳамагӣ аз 40 то 150 нафар ва таҷлили зодрӯзро танҳо дар муҳити хонавода маҳдуд кардааст. Барои нақзи ин қонун ҷаримаҳо ба маблағи то 4000 сомонӣ пешбинӣ шудааст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG