Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муҷозоти довари тоҷик барои бозии “бомаслиҳат”


Конфедератсияи футболи Осиё (AFC) довари тоҷик Парвиз Муртазоевро барои кӯшиши ташкили бозии “бомаслиҳат” ба мӯҳлати 30 рӯз аз доварӣ маҳрум кардааст. Дар ин бора хабаргузории Рейтер иттилоъ додааст.

Дар хабар омадааст, АFС мушаххас накардааст, ки сухан дар бораи кадом бозӣ меравад, зеро тафтишот ҳанӯз идома дорад. Ба иттилои AFC барканорӣ метавонад ба муддати 20 рӯзи дигар тамдид карда шавад.

Инчунин, AFC аз Федератсияи байнулмилалии футбол (ФИФА) хоҳиш намудааст, ки ин барканорӣ ба конфедератсияҳои дигар ҳам паҳн карда шавад.

XS
SM
MD
LG