Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Комиссиюни Аврупо бӯҳрони муҳоҷиратро баррасӣ мекунад


Раиси Комиссиюни Аврупо Жан-Клод Юнкер гуфт, ки барои баррасии бӯҳрони муҳоҷират дар ғарби нимҷазираи Балкан рӯзи 25 октябр нишасти ғайринавбатии комиссиюн баргузор хоҳад шуд. Дафтари Комиссиюни Аврупо рӯзи 21 октябр хабар дод, ки қарор аст дар нишаст дар Брюссел сарони Австрия, Булғория, Хорватия, Олмон, Юнон, Маҷористон, Руминия, Словения ва ҳамчунин Македонияву Сербия, ду кишваре, ки узви Иттиҳодияи Аврупо нестанд, ширкат кунанд.

Нишаст дар ҳоле баргузор мешавад, ки баста шудани марзҳои Маҷористон бо Сербия ва Хорватия даҳҳо ҳазор муҳоҷирро водор сохтааст, то талоши вуруд ба Аврупо аз тариқи Словенияро кунанд.Словения ва Хорватия, дар навбати худ, вуруди муҳоҷирон аз манотиқи доғ – Сурия, Ироқ ва Афғонистон ба қаламравашонро маҳдуд карданд.

Мансабдорони СММ мегӯянд, дар ҳоле, ки сардиҳои зимистон наздик мешаванд, ягон нишонаи коҳиш ёфтани мавҷи муҳоҷирон ба чашм намерасад.

XS
SM
MD
LG