Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Кирбӣ: Ёддошти тафоҳум - санади ҳамкорӣ нест


Ёддошти тафоҳум дар бораи амнияти ҳавопаймоҳои Русия ва Эътилофи байнулмилалии таҳти фармони Амрико дар фазои Сурия ба ҳеҷ ваҷҳ созиши ҳамкорӣ миёни Маскав ва Эътилоф нест. Ҷон Кирбӣ, сухангӯи вазорати умури хориҷаи ИМА, ба хабарнигорон дар Вошингтон гуфт, ки ин санад “ҳамкорӣ, ҳамоҳангӣ ва муштаракан муқаррар кардани ҳадафҳоро пешбинӣ намекунад”.

Дар посух ба суол оид ба ёддошти тафоҳум, ки рӯзи 20 октбяр имзо шуд, Кирбӣ изҳор намуд, ҳадафи санад фақат таъмини амнияти сарнишинҳои ҳавопаймоҳои Эътилофи байнулмилалии зидди гурӯҳи “Давлати исломӣ” аст.

ИМА ин санадро чун гоме сӯи роҳҳалли сиёсии низоъ дар Сурия арзёбӣ намекунад. Вошингтон чун пештара мутмаин аст, ки ҳадафи Русия - таҳкими режими Башор Асад аст ва ин пуштибонӣ низоъро амиқтар карда, боиси афзоиши бесобиқаи тундгароӣ ар минтақа мешавад, изҳор намуд Ҷон Кирбӣ. Ӯ афзуд, ки имзои ёддошти тафоҳум нигарониҳои Амрико аз амалиёти Маскав дар Сурияро камтар накардааст.

Амалиёти ҳавоии нерӯҳои Русия дар Сурия аз охири моҳи гузашта идома доранд. Маскав мегӯяд, ки ҳадафаш аз байн бурдани гурӯҳи “Давлати исломӣ” аст, аммо мақомоти ИМА ва кишварҳои ғарбӣ иддао доранд, Маскав ба мавқеъҳои гурӯҳҳои мухолифи ҳукумати Башор Асад зарба мезанад ва ба ин васила ба пешрафти нерӯҳои ҳукуматӣ дар ҷанг бо мухолифин, аз ҷумла, Артиши озодибахши Сурия мусоидат мекунад.

XS
SM
MD
LG