Пайвандҳои дастрасӣ

Владимир Путин раисиҷумҳури Русия, дар Маскав бо ҳамтои суриягияш Башор Асад мулоқот кардааст. Дар ин бора Дмитрий Песков, сухангӯи раисиҷумҳури Русия, рӯзи 21 октябр хабар дод.

Ба гуфтаи Песков, сафари кории раҳбари Сурия ба Маскав шоми рӯзи сешанбе сурат гирифт ва дар музокирот раҳбарони воломақоми ду кишвар ширкат доштанд.

Башор Асад дар мулоқот бо Владимир Путин дар бораи вазъи кишвараш иттилоъ дод. Сарони ду кишвар мавзӯи мубориза бо гурӯҳҳои террористӣ ва идомаи амалиёти низомии Русия дар Сурияро баррасӣ карданд. Дмитрий Песков гуфт, ки дар музокирот мавзӯи мусоидати нерӯҳои ҳавоии Русия дар амалиёти заминии нерӯҳои Димишқ дар меҳвар қарор дошт.

Амалиёти ҳавоии нерӯҳои Русия дар Сурия аз охири моҳи гузашта ба ин сӯ идома доранд. Маскав мегӯяд, ки ҳадафаш аз байн бурдани гурӯҳи “Давлати исломӣ” аст, аммо мақомоти ИМА ва кишварҳои ғарбӣ иддао доранд, Маскав ба мавқеъҳои гурӯҳҳои мухолифи ҳукумати Башор Асад зарба мезанад ва ба ин васила ба пешрафти нерӯҳои ҳукуматӣ дар ҷанг бо мухолифин, аз ҷумла, Артиши озодибахши Сурия мусоидат мекунад.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG