Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ирина Каримова, муовини раиси Академияи таҳсилоти Тоҷикистон бо медали Пушкин сарфароз гардонида шудааст. Масъулони Академияи таҳсилоти Тоҷикистон зимни тасдиқи ин хабар рӯзи 21 октябр ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки “дар ҳақиқат медали Пушкин ба хонум Ирина Каримова бо фармони Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия барои саҳми шоёнаш дар таҳкими дустӣ ва ҳамкорӣ бо Русия ва ҳифзу боло бурдани ҷойгоҳи забони русӣ дар хориҷи кишвар дода шудааст”.

Ирина Каримова дар канори шаш нафар аз шаҳрвандони хориҷии Русия бо медали Пушкин аз ҷониби Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия мукофотонида шудааст. Ҳоло Ирина Каримова, муовини раиси Академияи таҳсилоти Тоҷикистон буда, дар гузашта дар симмати муовини вазири маорифи Тоҷикистон фаъолият кардааст. Медали Пушкин дар соли 1999 дар Русия таъсис дода шуда, умдатан он ба шаҳрвандони хориҷӣ барои саҳму нақшашон дар густаришу тақвияти равобиту ҳамкориҳо ва ҳифзу ташвиқи забони русӣ эъто мешавад.

XS
SM
MD
LG