Пайвандҳои дастрасӣ

Фоҳишахона дар ...меҳмонхона


Дар ҷараёни гузарондани амалиёти ҷустуҷӯӣ дар яке аз меҳмонхонаҳои шаҳри Душанбе мавориди истифодаи утоқҳо барои равобити номашрӯи ҷинсӣ ошкор шудааст.

Тибқи иттилои торнамои Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон, як корманди меҳмонхона, ки сокини 39-солаи ноҳияи Файзобод будааст, ба иттиҳоми ташкили фоҳишахона дастгир шудааст.

Аз ҷумла, мушаххас шудааст, ки ин мард соатҳои 22.30 то 23.30 шаби 19 октябри соли ҷорӣ ҳуҷраҳои меҳмонхонаро барои 4 ҳодисаи равобити номашрӯи ҷинсиимардону занони ҷавон истифода карда ва аз онҳо 750 сомонӣ дарёфт кардааст.

Дар мавриди ин ҳодиса парвандаи ҷинойӣ боз шуда ва тафтишот идома дорад.

XS
SM
MD
LG