Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

18 корманди пулис ба асорати Толибон даромаданд


Пулис дар шимоли Афғонистон мегӯяд, ки дар вулусволии дурафтодаи Форёб Толибон 18 корманди пулисро боздошт кардаанд. Саид оқо-раиси пулиси Форёб 20 октябр гуфт, ин афсарони пулис як ҷо бо раиси пулиси вулусволӣ баъд аз ду рӯзи ҷангҳо дар вулусволии Ғурмоч боздошт шудаанд.

Вазорати дохилаи Афғонисон дар Кобул мегӯяд, ки аз 19 октябр ба ин сӯ дар бораи ин 18 корманди пулис хабаре дар даст нест. Сиддиқ Сиддиқӣ-сухангӯи вазорат гуфт, ки Толибон 18 октябр вулусволии Ғурмочро ба тасарруфи худ даровардаанд.

Аз сӯи дигар, сухангӯи Толибон мегӯяд, ки онҳо раиси пулиси вулусволиро ҳангоме боздошт карданд, ки вай дар ҷанг захмӣ шудааст. Бо вай 13 корманди дигари пулис будаанд.

Сиддиқӣ мегӯяд, ки ба вилояти Форёб нируҳои тақвиятӣ фиристода шудаанд ва Абдурашид Дустум-муовини аввали раиси ҷумҳури Афғонистон ҳамоҳангии амалиёти нируҳои давлатиро бар дӯш гирифтааст.

XS
SM
MD
LG