Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ИМА: Асад наметавонад, узви ҳукумати давраи гузариш бошад


Башор Асад наметавонад узви ҳукумати давраи гузариши Сурия бошад, изҳор дошт котиби матбуотии вазорати корҳои хориҷии ИМА Марк Тонер. Иёлоти Муттаҳида умевор аст, ки дар натиҷаи "музокироти сиёсӣ" дар Сурия ҳукумати давраи гузариш рӯи кор хоҳад омад.

Ба гуфтаи Марк Тонер, ин масъала зимни гуфтугӯи телефонии вазири корҳои хориҷии Амрико Ҷон Керрӣ бо вазирони хориҷаи Русия ва Арабистони Саудӣ баррасӣ шудааст. Музокироти сиёсӣ, ки метавонад ба заволи ҳукумати Асад ва ташкили ҳукумати давраи гузариш дар Сурия анҷом шавад, ҳоло шуруъ наёфтааст, гуфт намояндаи вазорати хориҷаи Амрико. Аммо ИМА дар якҷоягӣ бо кишварҳои дигари минтақа умедвор ҳастанд, ки Русия низ ба кишварҳое, ки талош доранд Башор Асадро водор ба шуруи ин музокирот созанд, хоҳад пайваст.

Котиби матбуотии вазорати корҳои хориҷаи Амрико талошҳои Русия барои тақвият додани ҳукумати Асадро бесамар номид. Вале вай изҳори умедворӣ кард, ки Маскав билохира ба ин натиҷа хоҳад расид, ки пуштибонӣ аз раҳбаре, ки шумори ками сокинон аз вай ҳимоят мекунанд, маҳкум ба шикаст аст.

Тибқи иттилои созмонҳои ҳомии ҳуқуқи инсон, ки қурбониёни ҷангҳои Сурияро мешуморанд, артиши Сурия бештар аз гуруҳи террористии ДИИШ аҳолии осоиштаро куштааст.

XS
SM
MD
LG