Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Қирғизистон дувумин зиндонии фирорӣ кушта шуд


Дар Қирғизистон яке аз се зиндонӣ, ки аз боздоштгоҳи тафтишотӣ фирор карданд, кушта шуд, хабар медиҳад вазорати корҳои хориҷии Қирғизистон. Бино бар хабари вазорат, Азамат Мусуралиев аз ҳафтаи гузашта ба ин сӯ дар як деҳаи ноҳияи Сокулуки вилояти Чуйи Қирғизистон пинҳон мешуд. Ҷузъиёти хабар нашр нашудааст.

12 октябр 9 зиндонии боздоштгоҳ дар вилояти Чуй фирор карданд. Ҳангоми талоши боздошти фирориён 4 маъмури хадамоти давлатии иҷрои ҷазо кушта шуд. Пулис 5 фирориро боздошт кард, аммо 4 нафари дигар тавонистанд, ки пинҳон шаванд. 16 октябр дар наздикии шаҳри Бишкек як фирорӣ кушта шуд.

Дар ҳоли ҳозир ду фирории дигар ҷустуҷӯ мешаванд. Барои пешниҳоди маълумот дар бораи макони пинҳоншавии фирориён ҷоизаи пулӣ дар ҳаҷми тақрибан 14 ҳазор доллар эълон шудааст.

XS
SM
MD
LG