Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Парвандаи Ахметов "ширкати араби"-ро фош кард


Зимни баррасии парвандаи сарвазири собиқи Қазоқистон Серик Ахметов ва мансабдорони собиқи вилояти Қараганда ҷузъиёти нави айбдоркунӣ - вобаста ба сохтмони системаи корези вилояти Қараганда шомили парванда шудааст. Яке аз муттаҳамон - собиқ муовини мудири кулли "Ширкати саноатии Қазоқистон" Алжан Акмолдаев дар додгоҳ гуфт, ки Серик Ахметов ба вай дар мавриди бо кӣ қарордод бастан ва дастрас кардани техникаву технология дастур додааст.

Бино бар нишондоди Акмолдаев, ширкати вай бо ризоияти Ахметов дар якҷоягӣ бо писари собиқ мансабдор Дониёр Ахметов ҳамкорӣ кардааст. Дар навбати худ, Дониёр аз соҳибкор хостааст, ки чаҳор миллион долларро ба суратҳисобҳои "ширкатҳои арабӣ", ки пушти он ширкатҳо одамони Ахметов меистанд, интиқол диҳад.

Акмолдаев дар додгоҳ изҳор дошт, ки барои ба суратҳисоби "ширкати арабӣ" интиқол додани маблағ вай қарз гирифтааст, ки ба гуфтааш, то ҳанӯз он қарзро натавонистаст баргардонад. Акмолдаев гуфт, ду миллион долларо ба "ширкати арабӣ" интиқол додааст ва ҳиссаи зиёди он маблағ гӯё ба Ахметов тааллуқ доштааст. Худи Алжан Акмолдаев, ки дар ҳоли ҳозир дар боздоштгоҳ ба сар мебарад, дар дуздии бештар аз миллиард тенге айбдор дониста мешавад. Вале вай ин айбҳоро рад мекунад.

Серик Ахметов шиносоӣ ва робита бо Алжан Акмолдаевро рад мекунад ва иттиҳомоти эълоншударо низ қабул надорад. Ҳимоятгарони Ахметов гуфтанд, дар нишондодҳои Алжан Акмолдаев ихтилоф ҷой дорад.

Парвандаи мазкур дар додгоҳи Қараганда аз моҳи август ба ин сӯ баррасӣ мешавад. Нафари калидӣ дар ин парванда - Серик Ахметов, собиқ ҳокими вилояти Қараганда, собиқ сарвазир ва собиқ вазири мудофиа, - ҳамчунин дар гирифтани пора муттаҳам мешавад. Серик Ахмедов аз моҳи ноябри соли 2014 то кунун дар Қараганда дар ҳабси хонагӣ нигаҳ дошта мешавад.

XS
SM
MD
LG